Душанбе иштироки ҳайаташро дар мулоқоти ҳамсояҳои Афғонистон таъйид кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксМинистерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар мулоқоти ҳамсояҳои Афғонистон дар охири моҳи март, ҳайатҳо аз Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ афзуд, ки дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ, ки 31 март дар Чин дар назар буд, дар баробари намояндагони Тоҷикистон, инчунин ҳайатҳои Русия, Чин, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Ахиран Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия низ тасдиқ кард, ки дар мулоқоти тарҳрезишуда дар Чин Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ФР иштирок мекунад. Дар доираи ин нишаст мулоқоти дипломатҳои кишварҳои ҳамсоя ва ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон пешбинӣ шудааст.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Паёми тозаи Аҳмад Масъуд: Ҳарфи толибон ба мо таслим ва байъат буд
"Мулоқоти мазкур имкони хубест барои ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ дар ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон дар масоили гуманитарӣ ва иқтисодӣ - иҷтимоӣ", - изҳор дошт Захарова.
Мулоқоти қаблии вазирони умури хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд. Дар он мулоқот ҳайати толибҳо иштирок надоштанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон изҳор дошта буд, ки Душанбе ҷонибдори сулҳу субот дар Афғонистон буда, муътақид аст, ки ба он метавон танҳо аз роҳи ташкили давлати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ даст ёфт.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.
Лентаи хабарҳо
0