Лавров: Хоҳиши Ғарб барои баргардонидани ҷаҳони якқутбӣ як хаёл аст

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча главы МИД РФ С. Лаврова с студенческо-преподавательским составом МГИМО
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с студенческо-преподавательским составом МГИМО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Ғарб барои нигоҳ доштани бартарияти худ дар ҷаҳон пайваста талош мекунад
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Саъю кӯшиши давлатҳои ғарбӣ барои нигоҳ доштани ҳукмронии худ дар умури муносибатҳои байналхалқӣ ташвишҳои ҷиддитаринро ба амал меоварад.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт.

"Хоҳиши Ғарб барои нигоҳ доштани ҳукмронии худ дар умури байналмилалӣ, тобеъ кардани ҳама, ҳама чиз ва баргардонидани ҷаҳони якқутбӣ, албатта, як хаёл аст", — гуфт ӯ рӯзи 25 март дар мулоқот бо президенти Абхазистон Аслан Бжания, хабар медиҳад РИА "Новости".

Маврид ба зикр аст, ки сарвари Абхазистон феълан бо як сафари корӣ дар Маскав қарор дорад.
Қаблан раҳбари Вазорати хориҷаи Русия низ дар мусоҳиба бо RT гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида барои бунёди ҷаҳони якқутбӣ талош мекунад.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Медведев: Ҷаҳони якқутбӣ тамом шуд
"Баҳодиҳии ҳодисаҳои рухдода, аз нуқтаи назари ман, рӯшан нишон медиҳад, ки Амрико барои ҷаҳони якқутбӣ саъй мекунад. Он умуман як деҳаи ҷаҳонӣ нахоҳад буд, он як деҳаи амрикоӣ хоҳад буд. Шояд як салони амрикоӣ, шумо медонед, ки дар куҷо ҳама дар зери оҳанги қавитарин рақс мекунанд”, - хулоса кард раиси ВКХ Русия.
Ӯ гуфт, ҳоло ҳадафи асосӣ ба рушди Русия хотима додан ва нақши онро дар сиёсати ҷаҳонӣ, иқтисод, варзиш, санъат, тиҷорат, илм ва маориф ба сифр кам кардан аст. Дар ҳоли ҳозир Русия шоҳиди иқдомҳои бесобиқаи Ғарб аст.
Ёдовар мешавем ахиран Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар мусоҳиба бо РИА "Новости" ва RT гуфт, ки Амрико дигар арбоби кӯрраи Замин нест.
"Ҷаҳони якқутбӣ ба охир расид, амрикоиҳо дигар соҳибони сайёра нестанд", - афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0