Медведев: Ҷаҳони якқутбӣ тамом шуд

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкПредседатель "Единой России", заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, Амрико дигар соҳиби сайёра нест.
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар мусоҳиба бо РИА "Новости" ва RT гуфтааст, ки Амрико арбоби кӯрраи Замин нест.
"Ҷаҳони якқутбӣ ба охир расид, амрикоиҳо дигар соҳибони сайёра нестанд", - афзуд ӯ.
Дар ин мусоҳиба муовини раиси Шӯрои амнияти Русия амалиёти ин кишвар барои ҳимояти вижаи Донбассро мавриди арзёбӣ қарор дода, тасреҳ кардааст, ки Аврупо метавонад аз гази Русия даст кашад ё на.
Ӯ ҳамзамон дар бораи амалиёти вижа ва муносибати русҳо ба он, аз ҷумла онҳое, ки кишварро тарк мекунанд, гуфт. Медведев ҳамчунин дар робита ба амалкарди кишварҳои ғарбӣ ва русбадбинӣ изҳори назар кард.
"Тибқи маълумоти охирин, ки назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, аз чор се ҳиссаи аҳолии кишвар аз баргузории амалиёти вижа ҷонибдорӣ мекунанд", - гуфт ӯ.
Қаблан Медведев аз нияти Амрико барои нобуд кардани Русия гуфта буд.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Медведев гуфт, Русия ба таҳримҳои Ғарб посухи тунд хоҳад дод
Ба андешаи ӯ, ин мақсади давлатҳо дар тӯли 30 соли охир буд. Дар ин муддат мақомоти Амрико гуфтаанд, ки Русия душмани ин кишвар аст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0