Монеаи аслӣ дар музокироти Русия ва Украина гуфта шуд

© БелТА / Гузариш ба медиабонкРоссийско-украинские переговоры в Беларуси
Российско-украинские переговоры в Беларуси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Музокироти ҳайатҳои ду кишвар тақрибан як моҳ пеш оғоз шуда буд, аммо то ҳол мулоқотҳо натиҷаи мушаххас надодаанд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Монеаи аслӣ дар музокироти Русия ва Украина адами истиқлоли режими Киев аст. Дар ин бора Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия зимни брифинге иттилоъ дод.
"Режими Киев қарор қабул намекунад ва қарорҳои қабулшаванда ба манфиатҳои мардум, аҳолӣ ва шаҳрвандони Украина мувофиқат намекунанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия, нуфузи ИМА дар ҳар як амали мақомоти кишвари ҳамсоя эҳсос мешавад.

"Ин бо пешниҳоди Вашингтон тавассути роҳҳои муносиби иртибототӣ сурат мегирад ва онҳо тасмимҳоро ҳамчун тасмими ҷониби Украина муаррифӣ мекунанд", - шарҳ дод Захарова.

Қарорҳои Киев на воқеият ва на сиёсати мақомотро инъикос намекунанд. Пушти сиёсатмадорони украинӣ "коршиносон"-е ҳастанд, ки тавассути онҳо манфиатҳои худро пеш мебаранд.
"Агар мо аз ин зовия нигарем, ки пешрафт танҳо ҳаракат, рушд аст, пас бале, музокирот идома дорад, ин пешрафт аст", - хулоса кард намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ёдовар мешавем, музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.
Ҷонибҳо се мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд ва ҳоли ҳозир мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома доранд.
Первый заместитель госсекретаря США Джон Салливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Сафири Амрико дар Русия умедвори эҳёи равобити хуби Маскаву Вашингтон аст
Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.
Ҳайати Украина иборат аз вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" дар Радаи Болоӣ Давид Арахамия ва мушовири раиси Дастгоҳи президент Михаил Подоляк иборат аст.
Илова бар ин, рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба баргузор шуд.
То ба ҳол ҷонибҳо натавонистаанд ба натоиҷи назаррас ноил шаванд, аммо дипломатҳо дар бораи ташкили долонҳои башардӯстона ба мувофиқа расиданд. Дар навбати худ, Мавлуд Чавушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ба наздик шудани Маскав ва Киев дар баъзе мавқеъҳо ишора кард.
Лентаи хабарҳо
0