Паёми тозаи Аҳмад Масъуд: Ҳарфи толибон ба мо таслим ва байъат буд

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат пас аз ҷанд моҳи хомӯшӣ ба мардуми Афғонистон паёми видеоӣ дода, аз ҳаводиси ин кишвар, гуфтугӯ бо толибон ва аз хатароти ин гурӯҳ барои ҷомеа гуфт
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар паёми наврӯзии худ гуфтааст, ки соли гузашта бар хилофи интизориҳо барои мардуми Афғонистон соли хубе набуд.

"Мутаассифона, соли гузашта бар хилофи интизориҳои мардуми афғон соли хуб набуд. Мо ҳама ба хатми раванди сулҳ умед доштем. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла набуди ирода аз сӯйи толибон барои хатми ҷанг, боиси аз байн рафтани фурсати сулҳ шуд", - гуфтааст Масъуд.

Оқои Масъуд таъкид мекунад, бо дарки ҳама масоил, ки соли гузашта дар Афғонистон рух дод, ҷанги худро мутаваққиф карда буд, то гуфтумон барои як ҳукумати мардумсолор сурат бигирад, ки мутаассифона, толибон инро қабул накарданд.
"Ҳама масъалаҳоро бо тасмими уламои кишвар дарк карда, барои он ки тарафи ҷанг набошем, онро хатму истод сохтем",- мегӯяд ӯ.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар робита ба музокироти сулҳ бо толибон гуфт: "Мутаассифона, ҳарфҳои онҳо ба мо беш аз ду масъала набуд, яке таслим ва дувуми байъат, ҳозир ба шунидани роҳи ҳалли мушкили аслии Афғонистон ва механизме, ки мо тавонем якҷоя зиндагӣ кунем ва фазои сулҳ эҷод кунем, мутаассифона, барои онҳо вуҷуд надоштанд."
Аҳмад Масъуд таъкид мекунад, ҳамеша ба толибон гуфта мешуд, Афғонистон ба ҳукумате ниёз дорад, ки аз ҷониби мардум идора мешавад ва ин низомест, ки машруъиятро аз мардум гирифтааст, на аз берун, аммо толибон инро қабул накарданд ва ҳарфашон идомаи ҷанг буд.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Аслов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Таассуфи Тоҷикистон аз иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи толибон
Оқои Масъуд афзуд, ҷанг болояшон аз сӯйи толибон таҳмил ва Ҷабҳаи муқовимат ба хости мардум ташкил шудааст ва муборизаи худро алайҳи ҳар навъ зулму истилогарон идома медиҳад.
Оқои Масъуд бо ишора ба гурӯҳҳои дигар гуфт, гурӯҳҳои дигар ба пеш қадам гузоштанд, истиқбол ва эъломи пуштибонӣ карданд ва ваҳдату ҳамбастагии тамоми мардуми Афғонистонро зарурати аслӣ барои пирӯзӣ бар зулму зулмот медонанд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат таъкид мекунад, ки ҳамкориҳои толибон бо дигар гурӯҳҳои террористӣ коҳиш наёфта ва Афғонистон имрӯз ба як паноҳгоҳи амни террористҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Гулӯлабори фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат бар чархболи толибҳо – видео
"Мо иттилоъ ва гузоришҳои дақиқ дорем, ки дар партави ҳимояти толибон аз як гурӯҳи террористӣ, назири "Ал-қоида"* (ташкилоти террористии фаъолияташ дар ФР мамнуъ) марказҳои омӯзишӣ, шумори ҷалби афроди худро афзоиш додаву фаъолиятҳояшро густариш додааст",- афзуд ӯ.
Оқои Масъуд ҳушдор додааст, ки табдили Афғонистон ба пойгоҳи террористӣ барои минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ хоҳад дошт ва аз кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба авзои кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0