Расонаҳои ғарбӣ: "Азов" нозӣ нест, зеро он ғайриолмонист

© AP / Sergei GritsУкраинские военные из батальона «Азов» в пригороде Мариуполя
Украинские военные из батальона «Азов» в пригороде Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ғарб барои исботи беасос будани истилоҳи "нозизудоӣ дар Украина" талошҳои қобили мулоҳиза мекунад. Яке аз "далелҳо"-и асосӣ аст: "Президенти Украина яҳудӣ аст"
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik, Владимир Корнилов. Гӯё миллатгароиимуосир ба масъалаи ба истилоҳ яҳудӣ алоқаманд аст. Ба баъзе сабабҳо ҳеҷ кас шубҳа надошт, ки қотили оммавии норвегӣ Андерс Брейвик миллатгарои ҷадид аст, танҳо барои он ки ӯ дар эъломияи навиштааш Исроилро ситоиш карда, 359 бор онро зикр кардааст.
Нависандаи амрикоӣ Тимоти Снайдер, ки бо китобҳои псевдотаърихии зидди Русияашмаъруф аст, бо ин истилоҳ баҳс карда, ба таври умум ба хулосаҳои зидду нақиз розӣ шуд: "Танҳо як олмонӣ нозӣ буда метавонад... Фашист узви Ҳизби нозии сотсиалистии Олмон дар солҳои 1930-1940... Дар он ҷое, ки нозиҳо мавҷуд нестанд, шумо наметавонед ба нозизудоӣ машгул шавед".
Зебо. Маълум мешавад, ки аъзои ташкилотҳои нозӣ ва нозии ҷадид, ки бевосита худро хамин тавр меноманд, агар онхо олмонӣнабошанд, нозӣ ҳисоб кардан мумкин нест. Шахсеро, ки худро тарафдори Гитлер ва "Майн кампф" медонад, ба кадом идеология мансуб кардан мумкин аст? Мо мунтазири кашфиёти нави "таърихӣ" аз тарафи Снайдер ва дигароне ба мисли ӯ ҳастем.
Украинские военные обстреляли Донецк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Нигоҳ аз Киев: Украина ниёз ба нозизудоӣ дорад
Масалан, Ҳизби "Свобода"-и Украина ҳанӯз дар соли 1991 ҳамчун ҳизби сотсиал-миллӣ сабти ном шуда буд ва ҷонибдорони он худро сотсиал-миллатгароён номидаанд. Илҳомбахши асосии он Юрий Михалчишин рӯирост эътироф кард, ки "Майн кампф"-и Гитлер "китоби роҳнамо"-и ӯ мебошад. Ва ин идеология чӣ ном дорад? Оё Снайдер Михалчишинро сотсиалист ё коммунист мехонад?
Ин хеле муҳим аст, ки пас аз “Майдон”-и соли 2014 ӯ дар Хадамоти амниятии Украина (СБУ) кор карда, дар полки “Азов”, ки ҳоло дар Мариупол нозизудоӣ мешавад, ба умури идеологӣ машғул буд. Ёдовар мешавем, ки ин воҳид дар заминаи созмонҳои миллатгароии ҷадиди “Патриот Украина” ва (чӣ тааҷҷубовар!) “Иттиҳоди иҷтимоӣ-миллӣ” таҳти раҳбарии идеологи миллатгароииукраинӣ Андрей Билетский, маъруф ба “Пешвои сафед” ташкил шудааст.
Дар ин ҷо "Азов" танҳо мушкили асосии мухолифони ғарбӣ истилоҳи "нозизудоӣ" аст. Ин воҳид танҳо ба шиорҳои нажодпарастона, зери рамзҳои ростгарои ифротӣ асос ёфта буд ва ҳатто дар як қатъномаи Конгресси ИМА дар моҳи июни соли 2015 расман ҳамчун як созмони нозии ҷадид эътироф шудааст. Аз афти кор Снайдерро барои машварат даъват накардаанд: вай ба конгрессменҳо фахмонда медод, ки дар “Азов” олмониҳо мавҷуд нестанд, яъне дар он ҷо миллатгароҳо буда наметавонанд.
Аммо ин дар соли 2015 буд ва ҳоло лозим аст, ба сокинони ғарбӣ фаҳмонем, ки чаро несту нобуд кардани як воҳиди ошкорои фашистиро ҳеҷ гоҳ нозизудоӣ номидан мумкин нест. Ҳамин тавр мошини таблиғотӣ ба кор даромад ва кӯшиш кард, ки ҷангҷӯёнро сафед кунад. Масалан, ҳанӯз дар моҳи январ газетаи англисии "Таймс" ба таври возеҳ эътироф карда буд, ки "ҷанговарони ростгарои ифротӣ" ва "қувваҳои фаромиллигаро" ба ҷанги зидди Русия омодагӣ мегиранд. Ва акнун худи ҳамон рӯзнома ба хонандагони худ исбот мекунад, ки “Азов” аз як бахши фашистӣ ба як мӯсичаи бегуноҳи як созмони низомӣ табдил ёфтааст.
Марш националистов в честь Дня защитника Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Аврупо аз нозизудоӣ метарсад
Рӯзномаи "Таймс" итминон медиҳад, ки бо рафтани Билетский ба сиёсат ҳамсафони идеологиаш, ки ин сохтори фашистиро ба вуҷуд овардаанд, ба ӯ пайравй карданд ва "дигарон дар солҳои охир барои тоза кардани обрӯи ӯ аз полки “Азов” ронда шуданд". Яъне сотсиал-миллигароҳоро аз байн бурданд?
Англисҳо тавассути рӯзномаи нидерландии NRC дар мақолае ба унвони "Полки Азов: нозиҳои ҷадид ё ҳомиёни Украина?" садо баланд карданд. Ҳолландиҳо аз навори тирпарронии ду танки миллатгаро дар маркази Мариупол бо хушнудӣ изҳори назар мекунанд. Ва паёми аслии матлаб ин аст: фашистони украинӣ номидан ба маънии “бозӣ бо таблиғоти Русия” аст.
Ва ҳоло дар матбуоти Ғарб ин гуна мақолаҳо бисёранд. Дар баробари ин гӯё онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҳамагӣ чанд сол пеш дар Конгресси ИМА гузорише пешниҳод шуда буд, ки “Азов” ба як агентии байналмилалии ҷалб ва тарбияи радикалҳои ростгарои ифротӣ дар саросари ҷаҳон табдил ёфтааст. Пас аз ин гузориш даҳҳо нафар аз конгрессменҳо бо имзои як муроҷиатнома ба Вазорати хориҷаи Амрико тақозо карданд, ки ин созмон ба феҳристи созмонҳои террористии хориҷӣ ворид шавад.
Афсонаҳое, ки асосгузорони ғунди нозӣ дар баробари идеяҳои худ кайҳо боз ба истеъфо баромадаанд, низ ба тафтиш тоб оварда наметавонанд. Рӯзноманигорони ғарбӣ вонамуд карданд, ки изҳороти расмии ҷониби Украина дар бораи марги бародари калонии Билетский Николай Кравченко бо лақаби Крукро, ки ҳанӯз дар асли "Патриотҳои Украина" ва "дар набард бо истилогарони рус" буд, пай набурдаанд.
Ракетный комплекс Искандер-М на церемонии открытия Международного военно-технического форума АРМИЯ-2016 во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳи омӯзишии зархаридон дар Украина хабар дод
Матбуоти Ғарб чизи дигареро пай намебарад, ин изҳорот ва даъватҳои сершумори ғайриқонунӣ аст, ки дар майдони иттилоотии Украина пахш мешаванд. Масалан, беш аз як ҳафта мешавад, ки ровии телевизион дар шабакаи 24 ба куштори кӯдакони рус, яъне даст задан ба генотсид даъват кардааст.
Гузашта аз ин вай инро дар пасманзари портрети идеологии Ҳизби нозии сотсиалистии коргарии Олмон ва меъмори "ҳалли ниҳоии масъалаи яҳудӣ" Адолф Эйхман гуфтааст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки дастурҳои ӯро риоя кунанд. Дар ин лаҳза барои Снайдер баҳс кардан бо моҳияти фашистии чунин амал душвор хоҳад буд.
Аммо агар шумо кӯшиш кунед, ки тавсифи ин ҷанҷолро дар расонаҳои ғарбӣ пайдо кунед, шумо муваффақ намешавед. Магар сайти дувуми демократҳои Амрико “The Bulwark” онро зикр карда, изҳор дошт, ки ин калимаҳо аз контекст гирифта шудаанд: онҳо мегӯянд, ки қадами эҳсосии баранда дар робита ба аз даст додани як дӯсти наздикаш гузошта шудааст.
Хуб, бале, "эҳсос" аммо чунон ки муаллифони барнома пешакӣ портрети Эйхманро барои баранда тайёр кардаанд, гувоҳ аст, ки ин як навъ тасмими стихиявии тамоми коллективи муаллифони барнома аст. Ва касе чазо нагирифт, баранда мисли пештара корашро давом медиҳад. Зеленский зимни суханронии худ дар Кнессети Исроил дар ин замина ба бегонаситезӣ дучор нашуд.
Ба дунболи ин як мавҷи ҳамин гуна даъватҳо барои интиқом алайҳи кӯдакон ва занони рус пайдо шуд. Сипас раиси хадамоти марзбонии Украина Сергей Дейнеко дар шабакаҳои иҷтимоӣ ваъда дод, ки "зану фарзандон, волидон, бародарону хоҳарон"-и низомиёни русро мекушад. Сипас гуфт, ки гӯё ӯро ҳаккерӣ кардаанд. Он барандаи маъруфи телевизиони "Коломойский 1+1" Наталя Мосейчук оилаҳои халабонҳои русро бо амалҳои террористӣ дар осоишгоҳҳои Туркия ва Миср таҳдид кардааст. Ин як баҳона ҳам наовард: ҳамааш дар ҷои худ аст, даъват ба куштани кӯдакони рус наслкушӣ нест.
Пас аз ин як силсила изҳороти ғайриқонунӣ дар бораи чӣ гуна шиканҷа кардан, буридан ва эъдом кардани маҳбусони рус иттилооте нашр шуд. Танҳо гузориши пизишке бо номи Геннадий Друзенко, ки дар эфири шабакаи "Украина 24" гуфтааст, дар бемористонаш фармон додааст, ки сарбозони русро ахта кунанд, зеро онҳо “таракан” ҳастанд, на одам". Қобили таваҷҷуҳи вижа ба тамошобинони рус аст, ки барандаи ин барнома Евгений Киселев чароғи равияи либералии Русия маҳсуб мешуд ва ҳоло дар посух ба зангҳои даҳшатбор басодагӣ сар меҷунбонад. Ин посух ба саволи он аст, ки либералҳои мо чӣ гунаанд.
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҷангиёни "Азов" хонаеро дар Мариупол бо кӯдакону занонаш тарконданд
Ва ҷомеаи Ғарб дар бораи ин изҳороти даҳшатнок намедонист: онҳо ба тоза кардани он аз шабакаҳои иҷтимоӣ шуруъ ва онро ҳамчун таблиғоти қалбакии Русия қайд карданд. Ва танҳо дахолати маъруфтарин барандаи телевизион дар Амрико Такер Карлсон, ки аз Друзенко нақл кард, як қатор расонаҳои дигари ғарбиро маҷбур намуд, то ба ин эътирофи ҷинояти ҷангӣ таваҷҷуҳ кунанд.
Гузашта аз ин ҷомеаи Ғарб огоҳ нест: ин аввалин чунин изҳороти украиниҳо нест, ки худро табиб меноманд. Ҳанӯз дар соли 2016 анестезиолог Александр Чернов ошкоро изҳор карда буд, милисаҳои Донетскро, ки дар беморхона бистарӣ шуда буданд, куштааст. Ва ҳеҷ чиз набуд, пас ӯ оромона дар каналҳои Украина сухан гуфт, яъне аз ҷониби ҷомеаи расонаҳои маҳаллӣ пурра дастгирӣ карда шуд. Дар Ғарб ин ягон шок ва ё ягон резонансро ба амал наовард.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Путин: Ғарб эътимод ба пулҳои худро аз байн бурд
Ҳама чизро ба ҷанг ва эҳсосот нисбат додан мумкин буд. Вале биёед, вазъиятро бо он чӣ, ки Донбасс дар давоми ҳашт сол аз cap гузарондааст, муқоиса кунем. Дар ин чо харобӣ хам ба амал омад, таркишҳо низ ба амал омаданд, чӣ қадар шаҳрвандон, аз он ҷумла кӯдакон ҳалок шуданд! Аммо ҳатто тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки дар ин солҳои ҷанг касе дар эфири шабакаҳои телевизионии ҶХД ва ҶХЛ мардумро даъват мекард, ки кӯдакон ё занони украиниро кушанд.
Дар охири соли 2014 ва аввали соли 2015 Донетску Луганск як давраи даҳшатнокро аз сар гузарониданд, ки пул нопадид шуд, дӯконҳо баста шуданд, ғизо умуман набуд. Аммо ҳеҷ гоҳ мурофиаҳои намоишӣ вуҷуд надоштанд, ки ҳоло дар саросари Украина ҷараён доранд. Гузашта аз ин ин ҳама ҳоло бо иҷозаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ сурат мегиранд. Вадим Денисенко, мушовири сардори ВКД ошкоро аз таъқибҳои ғайрисудӣ пуштибонӣ карда гуфтааст:
"Ба фикрам, бандӣ ва урён кардани як ғоратгар дар замони ҷанг ваҳшоният нест. Мутаассифона, нерӯи пулиси миллӣ барои ҳама чиз кофӣ нест... Чунин амалҳо таъсири бештаре барои ғоратгарон доранд назар ба таҳдиди ҷазои ҷиноӣ: ӯ мефаҳмад, ки ҷазо ин ҷо ва акнун хоҳад буд”.
Расонаҳои ғарбӣ кӯшиш мекунанд, ки инро набинанд ва мегӯянд, ки истилоҳи “нозизудоӣ” дар робита ба Украина ҳеҷ асосе надорад. Хуб, олмониҳо нестанд, ки ба буридани кӯдакон ва куштани занон дар осоишгоҳҳои Миср даъват мекунанд, яъне ба гуфтаи Снайдер, онҳо нозӣ буда наметавонанд.
Ва портрети Эйхман дар экрани телевизион, шавқу рағбати "Майн Кампф" ва рамзҳои фашистӣ дар стандартҳои воҳидҳои ҷангӣ танҳо "эҳсосот" ва "тасодуфӣ" мебошанд. Мехостам аз кормандони расонаҳои ғарбӣ, ки то ҳол худро рӯзноманигор меноманд, бипурсам: чаро шарм медоред, ки дар бораи ин қазияҳо ба аудиторияатон нақл кунед? Оё ин аз он сабаб аст, ки шумо дигар карда наметавонед, ки Русия дар бораи нозизудоӣ дар Украина хато мекунад?
Лентаи хабарҳо
0