Сабқати дучархаронҳо дар Душанбе - тафсилот

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Беш аз 400 варзишгар аз қариб 30 давлати ҷаҳон барои унвони қаҳрамони Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон сабқат хоҳанд кард
Қаҳрамонии Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор мешавад.
Ба иттилои мақомоти варзишии Тоҷикистон, дар ин сабқат 428 варзишгар аз 27 давлати қораи Осиё зӯрозмоӣ мекунанд. Дар маҷмуъ дар ин чорабинӣ, 18 сабқат дар 6 масофа миёни мардҳо ва бонувон баргузор мешавад. Мусобиқаҳо аз рӯи даставӣ, инфиродӣ сурат мегиранд.
Эълони панҷ рӯзи роҳбандӣ дар Душанбе
Осама ал-Шафар, роҳбари Федератсияи дучархаронии Осиё дар маросими расмии кушодашавии қаҳрамонӣ истиқболи гарму самимии мардуми тоҷикро махсус таъкид карда, афзуд, ки аз ин ҳолат хеле хушҳол гардид. Ӯ афзуд, шароити Тоҷикистон барои баргузории чунин мусобиқаи байналмилалӣ муносиб мебошад. Сабқати дучархаронҳо дар Тоҷикистон то 30 март идома меёбад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи ниҳоии мусобиқа мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ ба масофаи 111 км баргузор мешавад. Тафсилоти барномаи қаҳрамонии Осиёро метавонад дар тасвирбаён пайдо кунед.
Лентаи хабарҳо
0