Вазири Ӯзбекистон хостори эҳёи рафтуомади қаторҳо ба Русия шуд

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузаштан ба хазинаи аксЖелезнодорожные пути, архивное фото
Железнодорожные пути, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, омодаи барқарорсозии рафтуомади қатор бо Русияанд ва феълан мунтазири посухи мусбати Маскав дар ин бораанд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ӯзбекистон ният дорад, аз моҳи апрел ҳаракати қатор ба Русияро барқарор кунад.
Дар ин бора Илҳом Маҳкамов, вазири нақлиёти Ӯзбекистон дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор дошта, талаботи зиёд ба мусофирбарии мунтазам, аз ҷумла аз тариқи роҳи оҳанро ёдовар шудааст.

"Мо феълан мунтазирем, ки кай ҳамкоронамон аз Русия иҷозат медиҳанд. Пешгӯиҳои ҳастанд, мо интизор дорем, ки аз 1 апрел ба амалисозии ин иқдом ноил хоҳем шуд", - гуфтааст вазир.

Маҳкамов, ки дар ҳошияи нахустин ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар Тошканд суҳбат мекардаст, афзудаст, ки танҳо парвозҳо наметавонанд ниёзҳои бахши мусофиркаширо бароварда созанд.
"Қишри муайяни мусофирон мавҷуданд, ки ниёз ба сафар аз тариқи роҳи оҳанро доранд. Танҳо ба парвозҳо такя кардан дуруст нест", - илова намуд Маҳкамов.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати "Роҳи оҳани Ӯзбекистон" гуфта буд, аз 1 апрел мусофирбарӣ дар масири Қазоқистонро барқарор мекунад. Аз 16 март мусофирбарии мунтазам бо автобус бо ҳамсояҳокишварҳо барқарор шудаст.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Афзоиши даҳбаробарии борбарӣ дар Тоҷикистон
Мақомоти Ӯзбекистон эълон карданд, ки бо Тоҷикистон низ тамоми маҳдудиятҳои ковидиро аз нимаи моҳи март лағв карданд.
Ҳаракати қаторҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ба самти Русия моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус масдуд шуда, феълан аз масоили мубрам ба шумор меравад. Дар шароити гаронии нархҳо сафар аз тариқи роҳи оҳан нисбатан арзон арзёбӣ мешавад ва миёни бошандагони Осиёи Марказӣ ин навъи нақлиёт талаботи зиёд дорад.
Лентаи хабарҳо
0