Даргузашти Раҷаб Ҳусейн, ҳунарманди номдори тоҷик

© Сомонаи Кино-театр.руРабжаб Хусейнов, Советский и таджикский актер театра и кино.
Рабжаб Хусейнов, Советский и таджикский актер театра и кино.

 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Марҳум дар рушди театру синамои тоҷик ва ҳатто дубляжи филмҳо саҳми бориз дошт
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Раҷаб Ҳусейнов, аз ҳунармандони номдори театру синамои тоҷик дар синни 80-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора аз наздикони ҳунарманд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтанд, ки ӯ чанде дар бистари беморӣ буд.
Номбурда ҳунарманди саршиноси театр ва синамои тоҷик буда, дар баробари нақшофарӣ дар театр ҳамзамон дар филмҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ низ нақш бозидааст.
Ӯ соли 1941 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи ба номи Островскийи шаҳри Тошканд (1964) аст. Марҳум морандаи унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буду дар Театри Лоҳутӣ то соли 1998 ва пас аз он дар Театри Маяковскийи шаҳри Душанбе кор кардааст.
Тавре аз ҳолномаи ӯ дар "Википедияи тоҷикӣ" бармеояд, номбурда қариб дар шаст намоишнома, аз қабили "Гамлет", "Шаби гирифтани моҳ", "Рустам ва Суҳроб", "Дод аз дасти ақл", "Роҳзанон", "Маро тарк макун", "Сарбозони инқилоб", "Шаби охирини Суқрот" нақшҳои хотирмон бозидааст.
Аловуддин Абдуллоев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Сабаби марги ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев маълум шуд
Гуфта мешавад, ҳунари Раҷаб Ҳусейнов бештар дар кино зуҳур кардааст, ки дар "Тоҷикфилм", киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд.
"Қиссаи зиндони Павиак", "Чор дарвеш", "Ситораи Улуғбек", "Ҷумъаи ҳафтум", "Хӯҷаини об", "Робита", "Субҳи Ганг", "Тӯфон дар водӣ", "Ман — сарҳад", "Гаравгонон", "Сарҳади ором", "Ҳафт домоди дуздидашуда", "Себ аз ҷаннат", филми бисёрқисматаи телевизионии "Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар" намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки номбурда дар онҳо образҳои гуногун офаридааст.
Гуфта мешавад, саҳмаш дар дубляжи филмҳо бо забони тоҷикӣ низ ниҳоят бузург аст.
Лентаи хабарҳо
0