"Калибр" ва "Оникс" анбори силоҳу сӯзишворӣ дар Украинаро нобуд карданд - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳадафи навбатии мушакҳои Русия анбори силоҳу лавозимоти ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Житомир қарор гирифтаанд
Анбори силоҳу сӯзишворӣ дар вилояти Житомир бо мушакҳои дақиқзан нобуд карда шуданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков зимни гузориши навбатии матбуотияш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо истифодаи мушакҳои "Калибр" ба анбори низомии вилояти Житомир ва бо мушаки болдори "Оникс" ба пойгоҳи сӯзишвории ноҳияи Николаева зарба зада шуд.
Путин иштирокдорони амалиёт дар Украинаро собиқадор эътироф кард
Конашенков тавзеҳ дод, ки истифодаи мушакҳои болдор барои тахриби иншооти низомӣ ва дар зимн осеб нарасондан ба иншооти мулкӣ хеле самараноканд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0