Карантин тамом: шифохонаи бемориҳои сироятии Суғд ба реҷаи одии кор бармегардад

© SputnikБольница Худжанда
Больница Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар вилояти Суғд коронавирус нест ва зарурати дар қарантин нигоҳ доштани калонтарин шифохонаи маризиҳои сироятии шимоли Тоҷикистон мавҷуд нест, мегӯянд масъулин
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Кор дар бузургтарин шифохонаи маризиҳои сироятии Суғд баъд аз 2 соли қарантин ба далели каронавирус ба тарзи муқаррарӣ сурат хоҳад гирифт.
Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби шифохонаи маризиҳои сироятии Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, корҳои безараргардонӣ дар ин муассиса анҷом ёфта, фаъолият бо реҷаи муқаррарӣ аз 28 март оғоз мешавад.

"Хушбахтона, бемории коронавирус тамом шуд. Ҳеҷ кас дар беморхона намонд. Бо розигии масъулини тандурустии Суғд аз 28 март шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд дубора ба кори муқаррарии худ мегузарад”, – таъкид намуд сартабиб.

Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз моҳи апрели соли 2020 дар пайи сабти расмии нахустин мавриди хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон қарантин шуда, макони аслии муолиҷаи беморони COVID-19 дар Суғд ба ҳисоб мерафт.
Дар охирҳои моҳи октябри соли 2021 ҳарчанд масъулони идораи тандурустӣ дар бораи хатм шудани бемории вируси корона иттилоъ медоданд, вале ин шифохона ҳамчун макони эҳтиётӣ дар қарантина нигоҳ дошта мешуд.
Шифохонаи сироятии Хуҷанд дар умум аз панҷ шуъба ва бахши ёрирасон иборат буда, дорои 270 рахти табобатӣ мебошад. Гирифторони бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла зардпарвинро дар Суғд асосан дар ин ҷо муолиҷа мекунанд.
Омикрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҳушдор аз штамми нави коронавирус: дар кадом кишварҳо?
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ҳам ахиран эълон кард, ки бархе аз маҳдудиятҳои коронаӣ, аз ҷумла реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии сирояти COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда шуданд. Ҳамчунин бар асоси қарори мазкур, баргузор намудани тӯйи домодию арӯсӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешаванд.
Бино ба омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон 91%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ вояи якуми ваксина алайҳи коронавирусро гирифтанд. Манбаъ тавзеҳ додааст, ки то ҳол беш аз 5 млн 920 ҳазор нафар моякӯбӣ шудаанд. Вояи дуюми ваксинаро 4 млну 614 ҳазор ё худ 82,4%-и нафар аҳолии калонсол ва вояи сеюмро 619 ҳазор, муодили 11,1% и аҳолии кишвар гирифтаанд.
КПП Патар в Канибадаме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
ВКХ Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои нави убури марз гуфт
Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмист. Ваксинаро бо яке аз ин 5 дору - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон гирифтан мумкин аст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сар аз нимаҳои моҳи феврал расман эълон кард, ки дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Бар пояи иттилои вазорат аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 382 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17241 нафар сокинони ҷумҳурӣ шифо ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0