Роҳёбии хонандаҳои болаёқат аз Хуҷанд ба олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Олмон

© Sputnik / Амир ИсаевРӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Наздики 30 хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба даври ниҳомии олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Олмон роҳ ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии олимпиадаи бонуфузи маъруф ба ISTEM 28 нафар роҳ ёфтанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар даври муқаддамотӣ 48 нафар аз хонандагони болаёқати литсей иштирок карда, Кумитаи тадорукоти озмун 28 нафар аз шогирдони ин боргоҳи таълимиро ба даври ниҳоӣ роҳ додаст.
Даври финалии озмун 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор мегардад. Шаҳрдории Хуҷанд афзуд, ки дар ин чорабинии ҷаҳонӣ беш аз 8 ҳазор хонанда аз 96 давлати дунё иштирок мекунанд.
Шаҳрдорӣ илова намудааст, ки дар соли хониши 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд бори саввум аст, ки аз тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунанд.
Таджикские студенты на международной олимпиаде Коперник - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Хонандагони тоҷик аз Техас 15 медал оварданд
"Бо хуруҷи бемориҳои сироятӣ аксари олимпиадаҳои байналмиллалӣ аз тариқи фосилавӣ баргузор мегардид, бо хуб шудани вазъияти пандемӣ хонандагон имкон пайдо намуданд, бевосита дар олимпиадаҳо Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд", - омадаст дар иттилоия.
Қаблан аз тариқи ҳузурӣ муҳассилини тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонии "Дониш"-и кишвари Туркия, олимпиадаи "Коперникус" дар шаҳри Техаси кишвари Амрико иштирок карда буданд.
Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, танҳо дар 7 моҳи соли хониши 2021-2022 ба хонандагони литсейи зикршуда муяссар шуд, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва забономӯзӣ дар кишварҳои Англия, Таиланд, Малайзия, Туркия, Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Италия, Ҳиндустон иштирок намуда, 313 медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.
Таъкид шудаст, ки ҳаракати олимпии муассиса беш аз 250 нафар хонандаро шомил буда, айни ҳол боз 42 нафар барои иштироки ҳузурӣ дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишварҳои Англия ва Олмон омодагӣ дида истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0