Масъуд аз табдили Афғонистон ба пойгоҳи амни террористон ва хатари он ба минтақа гуфт

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, Афғонистон ба пойгоҳи амни террористон табдил шудааст
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ҳамкориҳои толибон бо дигар гурӯҳҳои террористӣ коҳиш наёфта ва Афғонистон имрӯз ба як паноҳгоҳи амни террористҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Ӯ дар ин бора зимни як изҳороти ахираш аз ҳаводиси ин кишвар, гуфтугӯ бо толибон ва аз хатароти ин гурӯҳ барои ҷомеа гуфт.
Вай афзуд, толибон ҳамчунон бо гурӯҳҳои террористӣ дар тамос ҳастанд ва онҳо фурсати сулҳ дар Афғонистонро аз байн бурданд.
Масъуди хурдӣ гуфт, мо шоҳиди ин ҳам ҳастем, ки бар хилофи ваъдаи толибон ба қатъи ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ на танҳо ин иттифоқ наафтод, балки Афғонистон дубора ба хонаи амни террористон табдил шудааст", - афзуд ӯ.

"Мо санадҳои дақиқ дар даст дорем, ки дар партави ҳимояти толибон гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла "Ал-қоида" (ташкилоти террористии фаъолияташ дар ФР мамнуъ) марокизи омӯзишии худро густариш, сарбозгирии бештар ва ҳамчунон фаъолиятҳои худро густурда кардаанд",- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, табдил шудани Афғонистон ба чунин пойгоҳи амн барои террористон хатари ҷиддӣ ба минтақа ва ҷаҳон дорад.
Раҳбари ҷабҳа аз минтақа ва дунё хост, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба вазъи Афғонистон зоҳир кунанд.
Дар идома ӯ афзуд, ваъдаи онҳо, ки робитаашон бо терроризм қатъ мебошад, комилан дурӯғу найранг ва аз фиребе беш нест.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Аслов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Таассуфи Тоҷикистон аз иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи толибон
Аҳмад Масъуд таъкид мекунад, ҳамеша ба толибон гуфта мешуд, Афғонистон ба ҳукумате ниёз дорад, ки аз ҷониби мардум идора мешавад ва ин низомест, ки машруъиятро аз мардум гирифтааст, на аз берун, аммо толибон инро қабул накарданд ва ҳарфашон идомаи ҷанг буд ва ҳалли ин масъала ё бо роҳи сиёсӣ ё мубориза бо терроризм аст.
Маврид ба зикр аст, толибон бештар аз ҳашт моҳ мешавад, ки Афғонистонро идора мекунанд, аммо то кунун бинобар иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳукумати он ба расмият шинохта нашудааст.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Бронетранспортеры ополченцев в Панджшерской долине, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Толибон нахустин бор аз набард бо Ҷабҳаи муқовимат ва кушта шудани 8 тан гуфтанд
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.

Ду музокираи бенатиҷаи толибон бо Масъуд

Дар оғози созмонёбии ҷабҳа толибон бо он вориди гуфтугӯ шуданд, аммо ба натиҷае нарасиданд.
Пас аз шаш моҳи муборизаҳо дар оғози моҳи ҷорӣ бо миёнҷигарии Эрон дар Теҳрон дидори вазири корҳои хориҷии толибон ва Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон доир гардид, ки гуфта мешавад ҷонибҳо ба натиҷаи мушаххас нарасидаанд.
Намояндагони толибон гуфтанд, ки аз Аҳмад Масъуд хостаанд, ба Афғонистон баргардад, касе ба ӯ кор надорад, аммо ҷабҳа мегӯяд дар ин дидор мавзуоти мухталиф баррасӣ шуд, ки ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Мулоқоти Масъуд бо толибон: Муттақӣ ба Аҳмад чӣ пешниҳод кард?
Гуфта мешавад, дар ин нишаст шартҳои асосии ҷабҳа роҳандозии интихоботи мардумӣ ва озодии занон будааст, ки толибон ба он розӣ нашудаанд.
Аҳмад Масъуд дар дар изҳороти ахираш дар бораи ин гуфтугӯ низ изҳори назар кард ва гуфт, ки ҳарфи толибон ба онҳо танҳо таслим ва байъат буд.
Ба гуфтаи ӯ онҳо ба толибон дар бораи ҳукумати ҳамашумулу посухгӯ ба мардум ва интихоботро гуфтаанд, аммо ҷониби муқобил инро рад кардаву охирин фурсат барои сулҳро аз даст додаанд.
Оқои Масъуд гуфт, аз ҳар гуруҳи зиддитолибонӣ ҳимоят мекунад ва то озодии Афғонистон мубориза хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0