Медведев гуфт, касодии иқтисоди соли 1998 дар Русия такрор намешавад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазъияти феълӣ дар Русия, ки алайҳаш амалан ҷанги иқтисодӣ эълон шудаст, аз ҳолати 24 соли қабл фарқ мекунад, изҳор дошт ноиби дабири Шӯрои амнияти ин кишвар
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Касодии иқтисоди Русия ва ё худ дефолти соли 1998 такрор нахоҳад шуд.
Дар ин бора ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар суҳбат бо РИА "Новости" ва RT хабар дод.

"Ба як об ду бор даромадан намешавад. Соли 1998-ум ба ҳукуматдорӣ рабт надоштам ва ҳаводисро аз мавқеи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ қабул мекардам. Аммо он замон давлату ҷомеаи мо хеле осебпазиртар буд", - гуфт Медведев.

Ӯ ҳамчунин аз буҳрони соли 2008-ум ёд кард, ки дар мақоми президентӣ бо он сарбасар шуда буд ва баъдан буҳрони соли 2014, ки он замон дар мақоми сарвазирӣ кор мекард.
"Вазъе, ки ҳозир дорем, фарқ мекунад. Ин радди заминаҳои иқтисоди бозорӣ аст. Чӣ метавон гуфт, модоме барояшон ин арзише надорад, бигузор анҷом диҳанд, аммо ба далоили маълум посухҳои ҳамчунинӣ хоҳад дошт", - гуфт Медведев.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Медведев таҳримоти Ғарбро алайҳи Русия фоҷиабор намедонад. Яке аз иқдомоте, ки Маскав алайҳи таҳримот гирифтаст, қарори президенти Русия Владимир Путин дар мавриди фурӯши гази кишвар бар ивази рубл мебошад. Вазорати молияи Русия низ қаблан изҳор карда буд, ки то озод нашудани захираҳои молии ин кишвар дар хориҷ қарзҳо бо рубл баргардонда хоҳанд шуд.
Тяжелый бомбардировщик-ракетоносец Ту-95МС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Медведев гуфт, ки Русия кай метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад
Қаблан Кристалина Георгиева, роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор дефолт ё худ касодшавии иқтисоди Русияро дар пасманзари таҳримоти эълоншуда аз эҳтимол дур надонист. Ба гуфтаи ӯ, "таҳримоти бесобиқа ин кишварро ба рукуд тела доданд".
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин иддао гуфт, дар кишвар вазъ ба дефолт ё худ касодшавии иқтисод нахоҳад расид. Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони ниҳодҳои молии Русия муътақиданд, ки устувории кофие фароҳам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0