Назди ҳавлиҳо ҳам кишт кунанд: дастури Аҳмадзода ба раисон

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шароити мураккабии авзои ҷаҳон аз роҳбарони шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон хостаанд, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо роҳбарони шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон машварати корӣ анҷом дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси Суғд, Аҳмадзода бо таҳлили вазъи соҳаҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута супориш дод, ки кишту истифодаи самараноки заминро дар маркази таваҷҷуҳ қарор диҳанд.
Раиси Суғд барои сари вақт гузаронидани кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ, пурра обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ дастуру супориш дод.
Машварати раиси Суғд дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар паёми наврӯзияш ба мардум аз марҳалаи нави буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ ва дар баробари он болоравии босуръати нархҳо тазаккур дод.
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Хоҷазода ба президент аз коҳиши заминҳои обӣ гузориш дод: чанд буду чанд шуд
Президент дар чунин шароит муҳим хонд, ки шаҳрвандон ба таҳлука наафтанду даст ба даст барои баромадан аз вазъ ба ҳамдигар кумак кунанд.
Аз ҷумла ӯ аз кишоварзон хост, ҳар рӯзи мусоиди баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расонанд. Ӯ аз деҳқонон даъват намуд, ки кӯшиш намоянд, аз як замин 3-4 ҳосил ба даст оваранду бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин намоянд.
"Муҳимтар аз ҳама мо мардуми заҳматдӯст, маданияти баланди таърихан ташаккулёфтаи заминдорӣ ва таҷрибаи зиёди кишоварзӣ дорем", - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили хуб дар кишвар зарбаи омилҳои берунӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодиро коҳиш медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0