Гурӯҳи сеюми тоҷикони аз Украина беруншуда ба Душанбе расиданд

© Sputnik / Стас ЭтвешСамолет идет на посадку в Душанбе
Самолет идет на посадку в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зиёда аз сад шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳавопаймои вижа аз Лаҳистон, ки қаблан аз қаламрави Украина берун шуда буданд, ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ҳавопаймо бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан аз қаламрави Украина ба Лаҳистон рафта буданд, аз Варшава вориди Душанбе шуд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 110 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ оварда шуданд.
Ин савумин ҳавопаймоест, ки бо ибтикори мақомоти Тоҷикистон ташкил шудааст, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавонистаанд тавассути он ба Ватан баргарданд.
Ба ин тартиб, дар маҷмуъ 413 шаҳрванди Тоҷикистон бо убури марзи байни Украина ва Лаҳистон ба далели ташдиди вазъ ба Тоҷикистон баргаштанд.
Автомобиль скорой помощи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Як ҷавони тоҷик дар Киев захмӣ шудааст
Ду парвози аввал дар Душанбе рӯзҳои 11 ва 12 март фуруд омад ва дар ҳавопаймои ахирӣ 303 нафар, аз ҷумла занону пиронсолон ва кӯдакон ба кишвар омаданд. Онҳоро ҳавопаймои ширкати ҳавоии Лаҳистон "Enter Air" аз Варшава ба Душанбе овард.
Гуфта мешавад, ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, аз ҷониби кормандони сафорат дар фурудгоҳ шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан супурда шудааст.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, беш аз 1,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистон кӯч бастаанд. Қаблан дар Украина ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 101 нафар донишҷӯ ба сар мебурданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Российско-украинские переговоры в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Мединский: Киев иқрор шуд, ки дар музокирот ба ҷойи он тасмим мегиранд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0