Ҷабҳаи муқовимат: Толибон аз ҳуқуқи башар барои ба расмият шинохтани худ истифода мекунанд

© Sputnik / Valery Melnikov  / Гузариш ба медиабонкУченики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Обуна шудан
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфтааст, ки толибон талош мекунанд, аз ҳуқуқи башар истифода намоянд, то ба расмият шинохта шаванд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар саҳифаи "Твиттер"-и худ навишт, раҳбарони Толибон талош мекунанд, аз ҳуқуқи башар истифода намоянд ва асоситарину табиитарин бахши исломӣ, ҳуқуқи занон (ҳуқуқи таҳсил)-ро ба унвони абзори мамнуъ эълом кунанд.
Оқои Аҳмадӣ ба Ғарб гуфтааст: "Лутфан ба қотили мардуми Афғонистон таслим нашавед".
Бастан шудани мактабҳо барои духтарони афғон вокунишҳои густардаеро ба бор овард.
UNAMA, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон аз тасмими толибон дар бораи маҳдуд кардани таҳсили духтарони донишҷӯ изҳори таассуф кардааст.
Толибон ба ҷаҳониён ваъда дода буданд, ки дар соли нав мактабҳои духтарона то синфи 12 боз мешаванд. Ҳамчунин ваъда дода буданд, ки таҳсил барои духтарони синфи 6 дубора оғоз мешавад, аммо пас аз соли нав, дар ҳоле ки садҳо ҳазор духтар ба мактаб мерафтанд, онҳо бори дигар эълон карданд, ки шарти пешакии боз шудани мактабҳо риояи “ҳиҷоби исломӣ” аст.
Лентаи хабарҳо
0