Дар рӯзи сеюми мусобиқаи велосипедронӣ дар Душанбе кӣ пирӯз шуду кӣ бохт?

© Sputnik Веломарафон в Душанбе
Веломарафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Обуна шудан
Дар рӯзи сеюми мусобиқаи Қаҳрамонии велосипедронии Осиё миёни мардон варзишгари қазоқ ва миёни ҷавондухтарони то 23-сола намояндаи Ӯзбекистон медалҳои тилоро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ёздаҳ варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Ҷопон, Ӯзбекистон, АМА, Муғулистон, Эрон, Индонезия, Ҳиндустон, Покистон, Фаластин ва Тоҷикистон дар Қаҳрамонии велосипедронии Осиё миёни мардони якачин иштирок намуданд.
Дар ин рақобатҳо Тоҷикистонро Раҳимҷон Аминов намояндагӣ намуд. Мутаассифона, ӯ дар ин сабқат охирон шуд.
Миёни мардони яккачин барандаи медали биринҷӣ дучархасавори ӯзбек Муродҷон Холмуродов гардид. Ин варзишгар 24 километрро дар 29 дақиқаю 58 сония тай кард.
Перекрытия дорог в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Роҳбандӣ дар Душанбе: кадом масир ва то кай баста мешавад
Нарияки Масуда аз Ҷопон бо нишондоди 29 дақиқаю 36 сония дуюмин шуд ва аввалин шуда, ба хатти ниҳоӣ дар 28 дақиқаю 45 сония дучархарони қазоқистонӣ Евгений Фёдоров расид. Мавсуф қаҳрамони ҷадиди Осиё гардида, медали тилоро ба гардан овехт.
Дар идомаи рӯзи сеюми Қаҳрамонии велосипедронии Осиё навбат ба ҷавондухтарони то 23-сола расид. Дар ин сабқат 6 варзишгар аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, ИМА, Таиланд, Эрон ва Ветнам иштирок намуданд.
Дар ин рақобат медали биринҷиро Сафия Алсаёҳ аз ИМА соҳиб шуд. Сафия масофаи муайяншударо дар 37 дақиқаю 2 сония тай намуд. Варзишгарбонуи қазоқ Бота Батирбекова бо паймудани ин масир дар тӯли 36 дақиқаю 40 сония медали нуқраро ба гардан овехт.
Ҳамин тавр дар рӯзи сеюми сабқатҳои Қаҳрамонии велосипедронии Осиё варзишгарони қазоқ соҳиби ду нишони тило ва варзишгарони ӯзбек барандаи як медали заррин гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0