Роҳбари ҶМЛ: Имкон ташкили райпурсӣ барои пайвастани ҷумҳурӣ ба ҳайати Русия вуҷуд дорад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин подписал указы о признании ЛНР и ДНР
Президент РФ В. Путин подписал указы о признании ЛНР и ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Обуна шудан
Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Луганск дар эълон кард, имкон дорад, дар ояндаи наздик раъйпурсӣ барои пайвастан ба ҳайати Русия баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Леонид Пасечник, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Луганск (ҶМЛ) дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, имкон дорад, дар ин ҷумҳурӣ раъйпурсӣ дар бораи пайвастан ба ҳайати Русия баргузор шавад.
“Фикр мекунам, дар ояндаи наздик дар қаламрави ҷумҳурӣ раъйпурсӣ баргузор мешавад, ки дар он мардум аз ҳуқуқи мутлақи конститутсионии худ истифода намуда, дар бораи ворид шудан ба Русия фикри худро баён хоҳанд кард”, - гуфт ӯ дар мулоқот бо рӯзноманигорони хориҷӣ.
Ба гуфтаи сенатори Русия Андрей Клишас, ҶМД ва ҶМЛ ҳақ доранд, ки "тибқи конститутсияҳои худ" дар бораи пайвастан ба Русия тасмим гиранд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0