Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазъи фурудгоҳи Мариупол пас аз тирпаронӣ - видео

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузаштан ба хазинаи аксОсвобожденный Мариупольский аэропорт
Освобожденный Мариупольский аэропорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нахустин видео пас аз тирборон шудани фурудгоҳи Мариупол расонаӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Нахустин видеои фурудгоҳи Мариупол пас аз озод шудани он аз нерӯҳои украинӣ пайдо шуд. Хатти парвоз дар хандақҳо ва кратерҳо, деворҳои мозаикӣ бо нақшаҳои Ленин дар терминали беодам, тирезаҳои шикаста, манораи вайроншудаи идоракунӣ - ҳоло фурудгоҳи Мариупол чунин манзара дорад.
Дар фурудгоҳ ягон ҳавопаймо нест, хатти парвоз қариб солим аст, танҳо бетонҳо каме тахриб шудаанд. Дар назди хатти парвоз хандақҳо намоёнанд.
Терминали фурудгоҳ холист, дар деворҳои он мозаика аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст.
Житель села Сопино в Донецкой народной республике у одного из разрушенных домов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зиндагӣ дар манотиқи озодшудаи Донетск - ба ривояти тасвир
Мариупол тадриҷан таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи ҶМД ва сарбозони Русия қарор мегирад, низомиёни украинӣ ва миллатгароён либоси занона ба бар карда, шаҳрро ба ҳамин восита тарк мекунанд.
Дар замони эълони ҶМД дар соли 2014 шумораи аҳолии Мариупол тақрибан 450 ҳазор нафар буд. Он дувумин шаҳри бузурги ин ҷумҳурӣ пас аз Донетск буд. Аммо нерӯҳои амниятии Украина тавонистанд назорати Мариуполро дубора ба даст оваранд ва пас аз он манотиқи шарқии он ба макони даргириҳои шадид дар Украина табдил ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0