Эрдуғон бо сафари расмӣ аз Тошканд боздид мекунад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкСаммит G20 в Риме
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Сафари президенти Туркия ба Ӯзбекистон охири моҳи март дар назар буда, Тошканд аз ин боздид имзои санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногунро интизор аст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меравад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, сафари Эрдуғон ба Тошканд бо даъвати президент Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.
Манбаъ афзуд, ки банди асосии барномаи сафари Эрдуғон ба Тошканд иштирок дар кори ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олии Ӯзбекистон ва Туркия мебошад.
Ҷонибҳо инчунин таҳкими шарикии стратегӣ, ҳамкорӣ дар бахши савдо, сармоягузорӣ, фанновариҳо, саноат, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар бахшҳоро баррасӣ мекунанд.
Табодули афкор инчунин дар масоили мубрами ҷаҳонию минтақавӣ сурат хоҳад гирифт, азфуд дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Тағйирот дар қоидаи сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави якдигар
Дар ҷамъбасти сафари расмии Эрдуғон ба Ӯзбекистон имзои созишномаҳои ҳамкории дутарафа ва изҳороти муштарак дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Туркия аз сафари қарибулвуқуи Эрдуғон ба Тоҷикистон низ хабар дода буданд, аммо то ҳол санаи дақиқи он маълум нест.
Аз ҷумла сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл соли гузашта изҳор дошта буд, ки ба наздикӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар низ изҳор дошта буд, ки қарор аст, сафари раисҷумҳури Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон сурат бигирад. Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Туркияро расман даъват кардаст.
Интизор мерафт, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳар ду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд кард, аммо ин сафару дидор то ҳол сурат нагирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0