Яке барои модару дигаре барои ҳамсар: голҳои футзалбози тоҷик дар суперлигаи Фаронса

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик як голи пирӯзиовар барои дастааш дар Суперлигаи Фаронсаро ба ҳамсараш бахшид, ки феълан фарзанд интизор аст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Парвиз Раҳматов, футзалбози тоҷик, ки ҳамагӣ чанд ҳафта қабл ба тими "Кингерсхайм" аз D1-и Суперлигаи Фаронса пайваст, аллакай ду голро ба ҳадаф расондаст.
Раҳматов дар бозӣ бо тими "Тулуза" ба дарвозаи ҳариф як гол ворид намуда, барои дастааш пирӯзӣ бо ҳисоби 4:3-ро таъмин кард. Ин голро футзалбози тоҷик ба ҳамсараш бахшидаст, ки фарзанд интизор аст.
Рӯзи 27 март низ дар бозӣ бо дастаи "Порис" Раҳматов як голро вориди дарвозаи ҳариф кард, аммо тимаш бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Дар шарҳи чунин натиҷа варзишгари тоҷик гуфт, ин бозӣ ҳадди ақал бояд бо ҳисоби мусовӣ анҷом меёфт.

"Аммо набояд рӯҳафтода шуд, бояд ҳаракат ба пешро давом дод. Голамро дар мусобиқаи қаҳрамонӣ ба модарам мебахшам. Ташаккур модар барои ҳар он чизе, ки бароям анҷом додӣ. Умедворам, бо ман ифтихор дорӣ", - гуфт баъди бозӣ Раҳматов.

Вай илова намуд, феълан дар яке аз беҳтарин лигаҳо ҳунарнамоӣ дорад ва талош мекунад, ки ба сатҳи ин ҷо мувофиқ бошад. Ӯ муҳим хонд, ки бо бозигарони дигар тафоҳум дар бозӣ ба даст ояд.
"Вазифаи тим дар мавсими феълӣ ҳифзи мақомаш дар девизиони Фаронса мебошад, ки мо ба ин наздикем. Дар маҷмуъ сатҳи ҳамаи тимҳо хеле баланд аст ва барои ҳар як хол рақобат бо онҳо сангин аст", - гуфт Раҳматов.
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Чаро духтарони тоҷик дар футболу футзал пайваста шикаст мехӯранд?
Маврид ба зикр аст, ки аз гузаштани беҳтарин бозигари бошгоҳи футзали “Сипар”-и Хуҷанд ва тими миллии футзали Тоҷикистон Парвиз Раҳматов ба тими фаронсавӣ аввали моҳи март хабар дода шуд. Вай дар таърихи футзали кишвар аввалин шуда, ба лигаи футзали Аврупо гузашт.
Ба гуфтаи Раҳматов, дар Тоҷикистон футзалбозони боистеъдод зиёданд ва афзуд, ки гузаштанаш ба "Кингерсхайм" метавонад барои дигар бозигарон ангезаи хубе бошад.
Лентаи хабарҳо
0