Ҷавонон дар Шуғнон ба нуқтаи даъват омадаанд, ки ба аскарӣ раванд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкПризывники в армию, архивное фото
Призывники в армию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Шуғнон ба даҳҳо ҷавоне, ки ихтиёрӣ ба мақомот ҳозир шуда, довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафтаниянд, изҳори миннатдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳудуди 50 ҷавони синни хидмати ҳарбӣ ба нуқтаи даъват ҳозир шуда, довталабона хостори хидмат дар артиш шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии ҳукумати ноҳияи Шуғнони ВМКБ хабар дода, зикр намуд, ки расман даъват 1 апрел оғоз мегардад.
"Аз ин рӯ ба ҷавонони ноҳияи Шуғнон тавсия дода шуд, ки 1 апрели соли ҷорӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаранд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷумъа Ҷумъазода, раиси ноҳияи Шуғнон бо довталабони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ мулоқот карда, барои чунин иқдоми ҷавонмардонаашон сипос гуфтааст.
Таъкид шудаст, ки ҷавонписарони синни даъват танҳо пас аз гузаштани комиссияи тиббӣ ва қобили хидмат дониста шуданашон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд.
Даъвати баҳории наваскарон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, аз аввали апрел то охири май идома меёбад.
Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ маҳфили фарҳангӣ-фароғатие низ баргузор мешавад. Дар мавсимҳои гузашта навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати ҷавононро иҷро мекарданд.
Военнослужащие армии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Қарори парлумон барои ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ахиран зимни баррасии омодагиҳо ба даъвати баҳории наваксарон дастур дод, ки камбудиҳои қаблан ҷойдошта рафъ шаванду ҳамкорӣ бо мардум таҳким бахшида шавад.
Ӯ аз ҷумла барои сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дастур дод.
Маҷлиси миллии Тоҷикистон ахиран бо қабули як қарор Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳуриро муваззаф кард, ки назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбиро тақвият бахшад.
Лентаи хабарҳо
0