Коршинос: се сабаб муҳоҷиронро аз Русия метарсонад

Мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Русия набояд аз хуруҷи густурдаи кории хориҷиён битарсад, аммо баъзеи онҳо бо назардошти шароити муайян тасмим мегиранд, ки Федератсияи Русияро тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бархе аз муҳоҷирони корӣ базудӣ Русияро тарк хоҳанд кард. Дар ин бора Юлия Финогенова, профессори кафедраи молия ва нархи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар суҳбат бо хабаргузории REGNUM изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи вай, хориҷиён аз боло рафтани қимати зиндагӣ, пардохт нашудани маош ва поин рафтани қурби рубл ҳарос доранд.
"Хуруҷи гурӯҳии муҳоҷирони корӣ дар назар нест, аммо бархе аз онҳое, ки аллакай дар кишвари мо кор мекунанд, бо сабабҳои иқтисодӣ маҷбур мешаванд, ки тарки кишвар кунанд", - таъкид кард коршинос.
Бо вуҷуди ин хориҷиёни ботаҷриба ва соҳибихтисос ҳатто дар шароити имрӯза кори алтернативӣ пайдо мекунанд, гуфт Финогенова.
Вай ёдовар шуд, ки ҳоло онҳо қонуни танзими будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Федератсияи Русияро баррасӣ мекунанд: дарозмуддат, доимӣ ё кӯтоҳмуддат.
Муддат вобаста ба сабаби ба мамлакат омадани шаҳрвандон муқаррар карда мешавад.
Многофункциональный миграционный центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Пешниҳоди маблағгузории бештар дар Русия барои мутобиқсозии муҳоҷирон
"Аз ин рӯ он қисми муҳоҷироне, ки дар муддати кӯтоҳ кор пайдо карда наметавонанд, кишварро тарк хоҳанд кард", - хулоса кард коршинос.
Қаблан мудири созмони ҷамъиятии вилоятии "Маркази таҳқиқоти муҳоҷират" Дмитрий Полетаев гуфта буд, ки аз Русия хуруҷи густурдаи коргарони хориҷиро набояд интизор шуд.
Ҳоло дар Русия бисёр навоҳие ҳастанд, ки дар онҳо қувваи корӣ намерасад. Масалан, ба ширкатҳои бинокорӣ кадрҳои нав лозиманд.
Ба бовари Политаев, таъсири таҳримҳои Амрико ва Аврупо ба ин бахш ночиз хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0