Лавров: Ғарб дар равобиташ бо Русия аз “авбошии давлатӣ” кор гирифтааст

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым
Президент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ дар равобиташон бо Русия аз “авбошии давлатӣ” кор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти комиссияи “Русияи Воҳид” дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳимоят аз ҳамватанони бурунмарзӣ дар Русия гуфт, кишварҳои ғарбӣ дар равобит бо Русия аз “авбошии давлатӣ” кор гирифтаанд.
"Кишварҳои ғарбӣ дар равобиташон бо Русия аз “авбошии давлатӣ”, аз мусодираи моликияти хусусӣ, даст кашидан аз уҳдадориҳои худ дар бахши молия ва иқтисодӣ кор гирифтаанд", - гуфт вазир.
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Қодиров гуфт, озодии комили Мариупол наздик аст
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0