"Оскар" ба Тоҷикистон меравад: дар кишвар ҷоизаи миллии синамо таъсис ёфт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксКрасная дорожка на кинофестивале, архивное фото
Красная дорожка на кинофестивале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҷумҳурӣ дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Киностудияи "Тоҷикфилм" ҷоизаи нави солонаи синамо таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷоизаи нав, тақрибан як ҷоизаи миллии “Оскар” таъсис ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Киностудияи “Тоҷикфилм”.
Гуфта мешавад, ки ҷоизаи филми тоҷик "Тоҷи Сомон" номида мешавад.
Нахустин муаррифии он 1 апрели соли 2022 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, он ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бахшида мешавад.
Илова бар ин созмондиҳандагон гуфтаанд, ки маросими супурдани ҷоизаҳои филм таҳти шиори “Арзёбии фарҳанги ҳақиқӣ” баргузор мешавад.
© "Таджикфильм"Национальная кинопремия в Таджикистане
Национальная кинопремия в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Национальная кинопремия в Таджикистане
Ҷоизаи миллии филмҳо дар 4 категорияи асосӣ баргузор мешавад:
филми бадеӣ;
филми ҳуҷҷатӣ;
филмҳои кӯтоҳ;
филми аниматсионӣ.
Дар барномаи озмун синамогарони тоҷик, ки аз соли 2019 то 2021 филм офаридаанд, ширкат мекунанд.
Барои дарёфти ҷоиза чанд филм мубориза мебарад ва кадоме аз коргардонҳо пешбарӣ хоҳанд шуд, то ҳол мушаххас нест.
Студияи синамо афзуд, муассисони ҷоизаи “Тоҷи Сомон” Ҳукумати Тоҷикистон ва “Тоҷикфилм” мебошанд. Дар мавриди ҷоиза бошад, ба ҳамаи ғолибон муҷассамаи тиллоии Исмоили Сомонӣ дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0