Аввалин президенти Озарбойҷон Аёз Муталибов даргузашт

© Sputnik / Сергей ТитовАяз Муталибов
Аяз Муталибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сиёсатмадори маъруфи Озарбойҷон пас аз бемории тӯлонӣ дар зодгоҳаш даргузашт
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Аввалин президенти Озарбойҷон Аёз Муталибов дар синни 83-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад радиои маҳаллии "Asan" бо такя ба наздикони сиёсатмадор.

"Аввалин раисҷумҳури Озарбойҷон Аёз Муталибов даргузашт. Ӯ дар синни 84-солагӣ аз олам рафт", - омадааст дар гузориш.

Ба навиштаи расонаҳо, раисҷумҳури пешин ҳангоми маргаш дар Боку будааст.
Аёз Муталибов 12 майи соли 1938 дар Боку таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1989 то соли 1990 дар мақоми раиси Ҳизби коммунистии ҶШС Озарбойҷон ва раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон кор кардааст.
Творческий вечер Гайдай всегда Гайдай! - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Даргузашти Леонид Куравлев, ҳунарманди машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ
Ӯ соли 1990 котиби якуми Ҳаизби коммунистии Озарбойҷон шуд. Дар охири ҳамон сол ин сиёсатмадор президенти ин кишвар интихоб гашт.
Аммо Муталибов то авоили моҳи марти соли 1992 дар ин мақом ҳамагӣ чанд моҳ боқӣ монд ва бо фишори Фронти халқии Озарбойҷон истеъфо дод.
Моҳи майи ҳамон сол ӯ кӯшиш кард, ки ба мансабаш баргардад, аммо пас аз як рӯз маҷбур шуд, ки кишварро тарк кунад ва ба Маскав равад.
Раисҷумҳури собиқ аз анҷоми ниҳоии фаъолияти сиёсии худ дар соли 2012 хабар дода, ҳамзамон тавонист ба Ватан баргардад.
Лентаи хабарҳо
0