СММ ба толибон: Ба ваъдаатон амал ва ҳуқуқи духтарон ба таҳсилро эҳтиром кунед

© REUTERS \ Zohra BensemraУченица 4-го класса начальной школы возвращается домой, Кабул, Афганистан
Ученица 4-го класса начальной школы возвращается домой, Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як баёния аз ҳукумати таҳти толибон даъват кардааст, мактабҳои духтаронаро боз кунанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шӯрои амнияти Созмони Милал дар баёнияе аз баста шудани мактабҳои духтарона дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карду аз давлати толибон хостааст, тааҳҳудоти худ дар мавриди боз кардани ҳама мактабҳои духтаронаро иҷро кунад.
Дар ин изҳорот ба ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон ба таҳсил, бахусус духтарон бори дигар таъкид шудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ҳамкориро бо “тамоми мақомоти марбутаи Афғонистон” дар ин замина идома медиҳад.
Ученицы начальной школы Кабула во время урока - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Толибон аз ҳузури густардаи духтарон ба макотиб тарсидаанд
Шӯрои амнияти СММ хостори дарёфти иттилооти бештар шуда ва бар аҳамияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят ва омӯзиш аз Афғонистон таъкид кардааст.
Аъзои ин шӯро ҳамчунин ба нақши ҳамоҳангсози намояндагии СММ дар Афғонистон дар ҳимоят аз мардуми Афғонистон гуфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо суқути ҳукумати қаблӣ толибон бештар дар нисбати занон маҳдудият ҷорӣ карда, онҳоро аз ҳуқуқ ва фаъолияташон маҳрум мекунанд. Аз сӯйи дигар толибон ба ваъдаи худ вафо накарданд ва духтарони аз синфи шаш болоро ба мактаб иҷоза надоданд.
Ҷабҳаи муқовимат: Толибон аз ҳуқуқи башар барои ба расмият шинохтани худ истифода мекунанд
Онҳо гуфтаанд, ки бо норасоии омӯзгорони зан рӯ ба рӯ ҳастанд.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки толибон ахиран эълом кардаанд, бо фарорасии моҳи Рамазон донишгоҳҳои духтаронаро низ барои муддате баста хоҳанд кард.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон дар пайи ин амалкард гуфт, толибон аз ҳуқуқи башар барои ба расмият шинохтани худ истифода мекунанд ва мардуми ин кишварро гаравгон гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0