Тоҷикистон мизбони Рӯзҳои синамои ӯзбекӣ мешавад

© Pixabay / tianya1223 Пустой кинотеатр, архивное фото
Пустой кинотеатр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Филмҳои ӯзбекистонӣ на танҳо дар пойтахти Тоҷикистон, балки дар навоҳӣ аз Суғду Хатлон то Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз 30 март то 2 апрел баргузор мешаванд, хабар дод дафтари матбуотии муассисаи давлатии "Тоҷикфилм".
Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон 30 март дар толори синамои "Наврӯз"-и Душанбе дар назар буда, инчунин нишасти матбуотии синамогорони ӯзбек дар ин рӯз дар назар аст.
"Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон пешниҳоди тамошобинон мегарданд", - омадааст дар иттилоия.
Аз ҷумла 30 март, соати 19:00 дар кинотеатри "Наврӯз"-и шаҳри Душанбе филми "Хатсайри 101", соати 16:00 дар кинотеатри "Зебуннисо" филми "Ифтихори Нафиса" намоиш дода мешаванд.
Рӯзи 31 март дар толорҳои синамои Ҳисор, Норак, Хоруғ, Бохтар ва Хуҷанд намоиши филмҳои "Тӯйи якрӯза", "Хатсайри 101" ва "Асорат" пешниҳоди тамошобинон мешаванд.
Дар баробари ин 1 март, соати 10:00 дар Кохи Лоиқи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми “Асорат”, соати 11:00 дар кинотеатри "Роғун"-и шаҳри Роғун филми "Тӯйи якрӯза" манзур мегарданд", - омадааст дар иттилоия.
Красная дорожка на кинофестивале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
"Оскар" ба Тоҷикистон меравад: дар кишвар ҷоизаи миллии синамо таъсис ёфт
Ин дар ҳолест, ки баҳори соли гузашта низ Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор шуда буданд. Он замон филмҳои ҳунарии "Илҳоқ", "Исёни арӯсон" ва "Хобҳои беранг", филмҳои мустанади "Посдори иттиҳод", "Қалби мардум", "Зери самои ягона" ва як филми тасвирии "Сандуқи сеҳрнок" пешниҳоди тамошобинони тоҷикистонӣ шуда буданд.
Таъкид мешавад, ки баргузории иқдоми мазкур ба тавсеаи ҳамкории судманди миёни филмсозони тоҷику ӯзбек мусоидат намуда, дӯстию ҳусни ҳамҷавории халқу миллатҳои бародари Тоҷикистону Ӯзбекистонро устувортар менамояд.
Лентаи хабарҳо
0