Дар Тоҷикистон оғози моҳи Рамазон, ҳадди нисоби закот ва фитри рӯзаро эълон мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 29 март оғози моҳи Рамазон дар кишварро эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар ин бора Ҳусайн Мусозода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

“Пагоҳ ҷаласаи Шӯро уламо баргузор мешавад, дар он санаи оғози моҳи Рамазон дар кишвар муайян шуда, қарор ба тасвиб мерасад” – гуфт Мусозода.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ин ҷаласаи Маркази исломии Тоҷикистон ба ҳисоби эълони оғози моҳи Рамазон, ҳаҷми нисоби закот ва фитри рӯза низ муайян карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки алакай дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Хатлон як ҳафта ба ин тараф тақвимҳое ба фурӯш гузошта мешаванд, ки дар он оғози моҳи Рамазон 2 апрел нишон дода шудааст.
Мусульманский календарь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар сарф менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ ҳамакнун масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм муайян карда мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0