Тағйирот дар қоидаи сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави якдигар

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба созишнома бо Ҳукумати Ӯзбекистон дар мавриди мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон давоми 10 рӯзи корӣ аз уҳдадории қайди муваққатӣ дар қаламрави тарафайн озод мешаванд.
Ин тағйирот ба созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон, Равшан Раҷабзода, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, тағйирот ба созишнома дар бораи мусофирати мутақобила бо Ӯзбекистон аз ҷониби ҳукумат барои тасвиб пешниҳод гардидааст.
Раҷабзода зикр кард, ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст. Ӯ афзуд, ки баъзан шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирӣ бинобар камии муҳлат дучори мушкил мешаванд ва аз ин лиҳоз тағйирот ба созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ворид карда шуд.
Бар асоси ин тағйирот, ки ҳукумат барои тасвиб ба парлумон пешниҳод намудааст, мусофирон аз ду кишвар аз сабти иқомат тайи 10 рӯз озоданд.

"Шаҳрвандони тарафҳо аз уҳдадории қайди иқомати муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати мизбон ба муҳлати 10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштан аз сарҳади давлатӣ озод мешаванд", - таъкид намуд вакил.

Ӯ афзуд, тағйироти мазкур ба Конститутсия ва қонунгузории байналмилалии кишвар мухолифат надорад. Интизор меравад, ки тағйироти мазкур дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасдиқ шавад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳдудиятҳои марбути коронавирус зимни омадурафти шаҳрвандонро бекор карданд.
КПП Патар в Канибадаме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
ВКХ Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои нави убури марз гуфт
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон низ қаблан эълон карда буд, ки фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон аз 15 март ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки шаҳрвандон метавонанд танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ омадурафт кунанд.
Таъкид шудааст, ки гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
Лентаи хабарҳо
0