Ҷоми Наврӯз-2022. Тоҷикистон - Қирғизистон: пахши мустақим

Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон марҳилаи ниҳоии "Ҷоми Наврӯз-2022" барои зинаи аввал ва ҷойи сеюм баргузор мегардад
Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон барои дарёфти зинаи сеюми "Ҷоми Наврӯз-2022" бо яккачини Қирғизистон вориди майдон шуданд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии вилояти Намангони Ӯзбекистон оғоз ёфт.
Дар бозии нахустини ниманиҳоӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Уганда вориди майдон шуда, вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт, аммо дар задани силсилазарбаҳои пеналтӣ барои муайян кардани ғолиб бо ҳисоби 4:5 дучори шикаст шуд.
Мушкилоти футболи тоҷик: Сегрт дар бораи дастаи худ чиро бояд донад
Ҳарифи имрӯзаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуда буд.
Ҳамин тариқ мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд.
Мунтахабҳои Узбекистон ва Уганда дар финал барои дарёфти "Ҷоми Наврӯз-2022" қувва месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Наврӯз-2022" санаи 25 март дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда оғоз ёфта, то имрӯз, 29 март идома пайдо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0