Эрдуғон ба ҳайатҳои Русия ва Украина чӣ гуфт - видео

© POOL / Гузариш ба медиабонкПереговоры России и Украины в Стамбуле
Переговоры России и Украины в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Эрдуғон ҳайатҳои Маскав ва Киевро ваъда дод, ки Туркия омодааст, музокироти раисҷумҳурони Русия ва Украинаро ташкил кунад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ҳайатҳои Русия ва Украина ба ҷои музокирот, ки Туркия барои онҳо ташкил карда буд, расиданд ва гуфтушуниди онҳо оғоз ёфт. Қабл аз оғози музокирот президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо намояндагони ҳар ду кишвар суҳбат кард.
"Вақти он расидааст, ки музокирот натиҷа диҳад. Дар Туркия мо инро самимона таманно дорем ва омодаем, кумак кунем. <...> Ин суҳбатҳо метавонанд дар сурат гирифтани музокироти Русия ва Украина саҳм гузоранд. Туркия омодааст, онро ташкил кунад”, - афзуд Эрдуғон.
Раисҷумҳури Туркия дигар ба мулоқоти Русияву Украина мудохила накард ва ӯ барои анҷом додани сафари корӣ ба Ӯзбекистон сафар кард.
Место проведения российско-украинских переговоров в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Ҳайати Украина ба макони музокирот бо Русия рафт
Музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври онлайнӣ баргузор шаванд.
Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Умеди Лавров аз музокирот дар Истанбул ва назараш дар мавриди мулоқоти Путину Зеленский
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0