Бузургтарин корхонаи истеҳсоли намак дар Тоҷикистон аз кор монд: сабаб

Соль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Маҳсулоти ин коргоҳ то ин замон ба ҷуз аз бозорҳои дохилӣ, ба Афғонистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон содир мешуд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бузургтарин корхонаи истеҳсоли намак, воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон аз кор мондааст.
Ҳафт моҳ ба ин тараф беш аз 100 коргари “Намаки Ашт” ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.
Ҷамшед Ёрматов, директори иҷроияи ҶСК “Намаки Ашт”-и ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз фаъолият мондани корхонаро таъйид кард ва сабаби онро шарҳ дод.

"Муҳлати иҷозатнома соли 2018 ба охир расид, то гирифтани санади нав ба ин қарор расидем, ки фаъолияти корхонаро боздорем, ҳарчанд ин вазъ барои ноҳия ва коргарони корхона зиёновар мебошад", – гуфт Ёрматов.

Соли 2003 ин коргоҳ иҷозатномаи 15-сола дарёфт карда буд, вале баъди ба поён расидани муҳлати ин санад ба мушкилиҳо дучор шудааст.
Ҷамшед Ёрматов гуфт, барои нигоҳ доштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва фароҳам намудани ҷойи корӣ ду сол бидуни эътибори санад (иҷозатнома) коргоҳ фаъол буд, вале ин ҳолат боиси муҷозот шудани коргоҳ гардидааст.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд
Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2021 аз сӯи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод “Намаки Ашт” мавриди тафтиш қарор гирифта, барои бидуни иҷозатнома фаъолият намудан мақомот ин коргоҳро беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷарима намудаанд.

“Баъди ин мо фаъолиятамонро пурра қатъ намудем. Ҳоло ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи нав ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав фиристода шудаанд”, – гуфт директори корхона.

ҶСК “Намаки Ашт” яке аз бузургтарин коргоҳҳои тавлидӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз замони шӯравӣ ба ин тараф мунтазам кор мекард.
Соли 2008 аз сӯи коршиносони байналмилалӣ ин коргоҳ сазовори Ҷоизаи маҳсулоти дорои сифати беҳтарин дониста шуд.
Иқтидори солонаи “Намаки Ашт” то 10 ҳазор тонна намаки ошии йодшуда аст ва маҳсули кори он ба кишварҳои Афғонистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ содир мешуд.
Ин коргоҳ ҳамасола то 1, 5 миллион сомонӣ ба буҷаи ноҳияи Ашт молиёт пардохт мекард.
Бо сабаби аз фаъолият бозмондани он беш аз 100 коргар ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0