"Оқилона нест": коршинос эҳтимоли рафтани муҳоҷирони тоҷик аз Русияро арзёбӣ кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксСтроители дорожной развязки
Строители дорожной развязки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси пешини Иттиҳоди тоҷикистониёни Федератсияи Русия мегӯяд, акнун барои муҳоҷирон дар Русия имконоти нав боз мешавад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик аз Русия рафтанӣ нестанд. Дар ин бора дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ходими ҷамъиятӣ ва раиси собиқи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов изҳори назар кард.

"Рафтани дастаҷамъии муҳоҷирон мушоҳида намешавад. Баръакс ҳоло мо (намояндаҳои ҷамъияти муҳоҷирон дар Федератсияи Русия - ред.) тавсия намедиҳем ва худи муҳоҷирон ҳам намераванд", - тавзеҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар робита ба таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош мекунанд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак намоянд. Ба бовари Давлатов, дар ин замина шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.
Ба андешаи ӯ, ноустувории қурби рубл метавонад ба сатҳи даромад таъсир расонад, аммо дар маҷмуъ, баръакс имкони бештаре барои ҳузури муҳоҷирон вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки агар ҷойҳои кор дар Русия кам шаванд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойҳои кор пайдо намешавад.
Мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Коршинос: се сабаб муҳоҷиронро аз Русия метарсонад
"Ҳозир рафтан чандон оқилона нест ва барои худи муҳоҷирон фоида надорад", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи оқои Давлатов, дар интиқоли маблағҳо мушкилоти муайян ба миён омадааст, аммо ин нақши муҳиме нахоҳад дошт, ҳамлу нақли ҳавоӣ байни кишварҳо сурат мегирад, аз ин рӯ интиқоли маблағ ба Ватан мушкил нахоҳад буд.
"Маҳдудиятҳо ба интиқоли маблағе, ки муҳоҷирон ба хона мефиристанд, дахл надорад", - шарҳ дод ин ходими ҷамъиятӣ.
Вай гуфт, дар чанд соли ахир миёни муҳоҷирони тоҷик мавзеъҳое назири Осиёи Ҷанубию Шарқӣ, Ховари Миёна ва Куриёи Ҷанубӣ маъруфият пайдо кардаанд.

"Ҳоло муҳоҷирон, баръакс бояд самти кор дар Русияро дигар кунанд, зеро имконот, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, бахши аграрӣ хеле зиёд аст", - гуфт Давлатов.

Қаблан Ренат Каримов, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони кории Федератсияи Русия низ сарусадоҳо дар бораи худдории муҳоҷирон аз сафар ба Русияро рад карда буд.
Ба гуфтаи вай, Иттифоқи касаба ба чунин вазъ дучор нашудааст, касе аз чунин ҳолатҳо хабар надодааст.
Лентаи хабарҳо
0