Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мединский гуфт, кай мулоқоти Путин ва Зеленский имконпазир мешавад

© БелТА / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийско-украинские переговоры в Белоруссии
Российско-украинские переговоры в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Музокироти кишвардорони Русия ва Украина дар сурати ба тасвиб расидани созишнома имконпазир мегардад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Туркия музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина ба наҷом расид.
Ин навбат намояндагони ин ду кишвар тақрибан се соат музокира карданд ва феълан маълум нест, ки гуфтушуниди онҳо чӣ натиҷа дод.
Дар ҳамин ҳол роҳбари ҳайати Русия ва ёвари президент Владимир Мединский музокироти охиронро фоидаовар гуфт.
Ӯ таъкид намуд, ки дар сурати имзо шудани созишнома эҳтимол музокироти Владимир Путин, президенти Русия ва ҳамтои украинии ӯ Владимир Зеленский баргузор гардад.
Музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври онлайнӣ баргузор шаванд.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Қодиров: Аз музокироти Русияву Украина бӯи умед нест
Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0