Барои осебдидагони сел дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо мешавад

© Sputnik Амир ИсаевПоследствия схода сели, архивное фото
Последствия схода сели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбарияти КҲФ, дабири Шӯрои амният ва раиси ВМКБ барои кумак ба сокинони аз офати табиӣ осебдида аз ноҳияи Дарвоз дидан карданд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ба сокинони ноҳияи Дарвоз, ки хонаҳояшон дар натиҷаи сел пурра ё қисман хароб шудааст, қитъаҳои замин барои сохтмон ҷудо карда мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи (КҲФ) Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, Назарзода Рустам, Насрулло Маҳмудзода ва Алишер Мирзонабот дар ҷараёни сафари корӣ хисороти офати табиӣ ба сокинонро арзёбӣ кардаанд.
Раёсат ваъда дод, ки дар ояндаи наздик ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии қитъаҳои замин омода карда мешаванд.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Дар ВМКБ ба оилаҳое, ки тарма манзилашонро тахриб кард, ваъдаи хона доданд
Ёдовар мешавем, ки сел аз 12 то 18 март дар ноҳияи Дарвоз се манзилро комилан тахриб ва чанд хонаи дигарро қисман хароб карда буд. Мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон ба оилаҳои осебдида кӯмаки зарурӣ расониданд.
Гуфта мешавад, 15 хонаводаи тоҷике, ки дар минтақаҳои селзада зиндагӣ мекарданд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Қаблан боридани барфу сел ва сангрезиҳо дар Тоҷикистон аллакай боиси харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуда буд.
Ҳамин тавр дар Пашори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон тарма як хонаро пурра ва хонаи дигарро қисман хароб кард.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Селе, ки роҳи Дарвозро масдуд кард, тоза шуд
Дараҷаи баландтарини хатар бо сабаби номусоидии обуҳаво дар роҳҳои Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб ва Душанбе - Айнӣ боқӣ мондааст.
Гуфта мешавад, дар рӯзҳо дар навоҳии Рӯшон, Шуғнон, Ишкошими ВМКБ ва ҳамчунин дар минтақаи Варзоб 3 бор тарма ва сел фаромадааст. Илова бар ин 2 бор резиши санг низ ба қайд гирифта шудааст.
КҲФ қайд мекунад, ки то охири моҳи март хатари фаромадани сел, тарма ва ярч вуҷуд дорад, бинобар ин мақомоти ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳушёр бошанд ва аз сафар ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0