Поинравии рекордии қурби доллар иқтисоддонҳоро ҳаяҷонзада кард

© REUTERS \ Dado RuvicДоллары на фоне графика
Доллары на фоне графика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Бори дуюм дар ду ҳафта, доллари амрикоӣ динамикаи мусбат нишон медиҳад: аввал, доллар аз 100 ва сипас аз 89 рубл поин омад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Қурби доллар аз аввали моҳи март барои аввалин бор аз 90 рубл поин рафт. Дар ин бора маълумотҳои биржаи Москва шаҳодат медиҳанд.
Шоми 28 март қурби доллари амрикоӣ аз марзи 90 поин рафт.
Динамикаи евро низ поинравиро нишон дод. Қурби асъор то 99 рубл коҳиш ёфт ва ҳоло дар ҳудуди 97,5-105 қарор дорад.
Рӯзи 23 март барои нахустин бор дар тӯли 3 ҳафта қурби доллар аз 100 рубл поин рафт.
Ба таҳкими пули русӣ қоидае мусоидат кард, ки содиркунандагон 80% даромади асъори хориҷиро мефурӯшанд ва талаботи нав барои фурӯши гази Русия ба кишварҳои бегона бо рубл мусоидат кардааст.
Иқтисоддон нуқтаи оғози "марг"-и долларро ошкор кард
Аз нав барқарор шудани савдо дар бозори вомбаргҳои қарзии федералӣ низ натиҷаҳои хуб дод. Ҳатто он замон қурби доллар, ки як ҳафта пеш аз 120 рубл гузашта буд, ҳоло то ба 105 расид.
Маҳдудияти эҳтимоли тахмин ва боздоштани муваққатии савдо дар биржа низ ба қурби рубл мусоидат кард.
Иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки доллар ва евро мутаносибан дар ҳудуди 95-100 ва 105-110 рубл тағйир хоҳанд ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки сабаби афзоиши якбораи доллар як силсила рӯйдодҳо дар арсаи геополитикӣ буд.
Аз ҷумла, эътирофи ҶМЛ ва ҶМД аз ҷониби Русия оғози амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс ва вокуниши Ғарб ба ин ҳодисаҳо, бахусус, ҷорӣ кардани таҳримҳост.
Лентаи хабарҳо
0