Сайёҳии "бонкӣ" аз Русия ба Осиёи Марказӣ майли афзоиш дорад

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры США и банковские карты международных платежных систем VISA.
Денежные купюры США и банковские карты международных платежных систем VISA. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сайёҳии ба истилоҳ кортӣ ба кишварҳои моварои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ барои афроде ҷолиб аст, ки талош мекунанд, аз маҳдудиятҳои кортӣ канор монанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бархе ширкатҳои сайёҳии Русия ба мизоҷонашон саёҳат ба кишварҳои ҳамсоя бо ҳадафи таҳияи корти бонкии маҳаллиро пешниҳод мекунанд. Ин иқдом бо ҳадафи канорагирӣ аз маҳдудиятҳои молии ҷоришуда роҳандозӣ мегардад.
Дар ин бора "Ведомости" аз қавли мусоҳибонаш дар се ширкатҳи сайёҳӣ хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки ин хидматрасонӣ ба мизоҷони мусофир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи моварои Қафқоз пешниҳод мегардад. Ин самти хидматрасонӣ дар ширкатҳои "Интурист", "Русский экспресс" ва "Веди групп" пайдо шудааст, ки бо шариконашон аз минтақаҳои зикршуда дар ҳоли музокирот қарор доранд.
Дар баробари ин чунин дархостҳо аз мизоҷонро ширкатҳои дигари сайёҳии Русия ва пойгоҳҳои хидматрасонӣ дастрас кардаанд.
Ширкатҳои маҳаллии Осиёи Марказӣ низ ба ҷалби сайёҳон аз Русия оғоз кардаанд. Аз ҷумла бонки қазоқистонӣ мегӯянд, дархостҳо барои ифтитоҳи суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби шаҳрвандони Русия афзоиш ёфтаанд.
Первые карты национальной платежной системы Мир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Тавзеҳи Бонки марказии Русия дар бораи истифода аз корти "Мир" дар Тоҷикистон
Ширкати сайёҳии қирғизии "Terra Trip" аллакай ба сайёҳати ба истилоҳ кортиро ба ин кишвар роҳандозӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, қаблан Русия феҳрасти кишварҳоеро мушаххас карда буд, ки дар он ҷо метавон аз корти "Мир" истифода кард. Ба иттилои Бонки марказии Русия, феълан ин рӯйхат шомили 10 кишвари хориҷии дуру наздик, аз ҷумла Тоҷикистон мешавад.
Бар асоси тавзеҳоти расмӣ, корти "Мир" ба таври комил танҳо дар шаҳри Душанбе фаъол хоҳад буд.
"Гирифтани маблағи нақд ё пардохти пул барои мол аз тариқи дастгоҳҳои иштироккунандаҳои низоми пардохтии "Корти миллӣ" ва "Express Pay" дар маркази "Душанбе Сити" имконпазир аст", - изҳор дошт Бонки марказӣ.
Инчунин корти мазкур дар бархе низомҳои пардохтии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ва Туркияю Ветнам фаъол мебошад.
Лентаи хабарҳо
0