Таърихи дақиқи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон эълон шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон таърихи дақиқи фарорасии моҳи шарифи кулли мусалмонони кишвар муайян шуд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи кулли мусалмонон - Рамазонро муайян карданд, гузориш медиҳад Маркази исломии ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шуд, ки имсол ин рӯз ба 2 апрел рост меояд.
Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, бар асоси маълумоти илмӣ ва бар асоси бозёфтҳои Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, имсол моҳи Рамазон дар кишвар дар рӯзи шанбеи оянда фаро мерасад.
Абдуқодирзода афзуд, тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 875 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Мусульманский календарь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0