Дар Тоҷикистон маълумоти нав дар бораи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус эълон шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкВакцинация covid-19
Вакцинация covid-19  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустии кишвар хабар дод, ки то охири моҳи март дар Тоҷикистон 5,2 миллион нафар аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ моякӯбӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Беш аз 92,2 дарсади аҳолии калонсоли Тоҷикистон алайҳи коронавирус эм шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Вазорат шарҳ дод, ки тақрибан 5,2 миллион шаҳрванд бар зидди коронавируси COVID-19 моякӯбӣ шудаанд.
Вояи дуюми ваксинаро 4,9 миллион нафар гирифт, ки ин қариб 87,5 фоизро ташкил медиҳад.
Реваксинатсия, вояи сеюми ваксинаро бошад, 19,5% аҳолӣ ё зиёда аз 1,9 миллион нафар дастрас кардааст.
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Тоҷикистон алайҳи се вирус ваксина дарёфт кард
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон, эмкунӣ як амри ҳатмӣ мебошад. Онро бояд шахсони аз 18-сола боло ҳатман иҷро кунанд.
Бояд гуфт, ки моҳҳои охир дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар робита ба ин ситоди ҷумҳуриявӣ аз 15 марти соли 2022 пӯшидани ҳатмии ниқобро бекор кард.
Дар маҷмуъ, аз оғози пандемияи коронавирус дар кишвар 17388 нафар бемор шудаанд, ки 17263 нафари онҳо шифо ёфта, 124 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Моякӯбӣ дар кишвар бо панҷ ваксина – "Sputnik V", "AstraZeneсa", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон анҷом дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0