Дар Тоҷикистон ҳаҷми закот ва фитри рӯзаро эълон карданд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксВерующий на намазе в мечети, архивное фото
Верующий на намазе в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шӯрои уламои Тоҷикистон миқдори закот дар моҳи Рамазонро гуфт ва ҳамчунин миқдори фидяи савмро барои онҳое, ки давоми 30 рӯз тавони гирифтани рӯзаро надоранд, муайян кард
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол ҳадди нисоби закот (садақаи воҷиб)-ро ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо афзуд, аз ин маблағ мусалмонон 875 сомониро ҳамчун закот, ки яке аз фарзҳои ислом аст, бояд садақа диҳанд.
Фитри рӯза ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян шудааст.
Маблағи фидяи савм – пардохти рӯзадории моҳи шарифи Рамазон барои онҳое, ки узри динӣ доранд (Шайх Фонӣ), инчунин беморони дармонда, барои 30 рӯз 420 сомонӣ муқаррар шудааст.
Фидяи савмро афроде месупоранд, ки имконияти гирифтани рӯзаро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифро барои кулли мусалмонон муайян кардаанд.
Мусульманский календарь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022
Моҳи Рамазон дар кишвар, тибқи маълумоти илмӣ ва бар асоси хулосаҳои Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми ҷумҳурӣ, рӯзи 2 апрел фаро мерасад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар мегузоранд.
Бо фарорасии шом дар тӯли ин моҳ ҳамакнун масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, бояд фидия савм диҳанд.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0