Тоҷикистон ба Малайзия мева содир мекунад

© Пресс-служба президента РТУрожай фруктов в Таджикистане
Урожай фруктов в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Корхонаи "Баракат-Исфара" доираи кишварҳое, ки ба он ҷо мева содирот мекард, васеъ намуд. Аз ин ба баъд маҳсулоти ин корхона ба Малайзия низ содир хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Меваҳои вилояти Суғд ҳамакнун ба Малайзия содирот мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод ва изҳор дошт, ки чанде қабл мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири ҶДММ "Баракат-Исфара" Борис Игнатенко, директори генералии ширкат Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт ва масъалаи содироти меваҷот аз вилояти Суғд ба Малайзия баррасӣ гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи мазкур 140 нафар ба бандубаст ва коркарди мева машғул ҳастанд.

"Маҳсулоти корхона феълан ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Чехия, Туркия ва Канада содирот мешавад", - омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамакнун меваҷоти Тоҷикистон ба Малайзия низ роҳ меёбад. Шартномаи ҳамкорӣ бо соҳибкорони Малайзия тасвиб шудааст.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Барои кадом моли Тоҷикистон дар бозори хориҷ "ҷанг" аст?
Муассис ва роҳбарияти корхона ҳамзамон маълумот доданд, ки барои бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисон ҷараён дошта, ояндаи наздик коркарди меваҷоти хушсифат зиёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар корхонаи мазкур маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарду безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва бандубасти меваҳо ба роҳ монда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0