Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Маълум шуд, ки амалиёти вижа дар Украинаро чанд фисади русҳо дастгирӣ мекунанд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация на границе Крыма с Украиной
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ин назарсанҷӣ 1600 нафар аз 80 манотиқи Русия иштирок кардаанд ва аксари онҳо амалиёти вижаро дастгирӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Аз тасмими Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро 76 дарсади шаҳрвандоне, ки дар як назарсанҷӣ иштирок намуданд, пуштибонӣ кардаанд.
Чунин маълумот дар пайи як пажуҳиши Маркази умумирусиягии афкори умум гирдоварӣ шудааст.
Назарсанҷӣ миёни 1600 нафар аз 80 минтақаи Русия аз 17 то 24 март гузаронида шуд.
Ба гуфтаи муаллифони пажуҳиш, идеяи ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ ташаккул ёфтааст ва дар тӯли се ҳафтаи охир бетағйир боқӣ мондааст.
Муҳимтаринаш ҳифзи Русия, халъи силоҳи Украина ва пешгирӣ аз истиқрори пойгоҳҳои низомии НАТО дар қаламрави он аст. Маҳз ҳамини посухро 42 дарсади пурсидашудагон нишон додаанд.
Илова бар ин ҳадафи ин амалиёт тағйир додани роҳи сиёсии Украина, пок кардани он аз миллатгароён ва ҳифзи аҳолии Донбасс низ гуфта мешавад.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шуд
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода шуда, тамоми ҷинояткорон, масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои украиниро ҳадаф қарор медиҳанд ва то 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0