Беш аз ҳазор сокини фақир дар Хуҷанд ба манзил ниёз дорад

© Schluesseldienst / pixabayКлючи от дома
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шумораи сокиноне, ки барои таъмин гардидан бо манзили истиқоматӣ дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд сабти ном шудаанд, аз ҳазор нафар гузаштааст
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Усмонҷон Юсуфӣ, мудири бахши манзили ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар шарҳи ин иттилоъ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, солҳои охир шумори муроҷиатҳо дар бораи таъмин намудан бо манзили истиқоматӣ бештар шудааст.
Ӯ гуфт, ба ҳисоби омори соли 2021 ҳоло шумори онҳое, ки ҳамчун эҳтиёманд барои дарёфти манзили истиқоматӣ дар қайди ҳукумат қарор доранд, аз ҳазор нафар зиёданд.

“Ба ҳолати 1 январи соли 2022 беш аз ҳазор нафар барои таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ ба қайд гирифта шудаанд”, – гуфт Юсуфӣ.

Мудири бахши манзил гуфт, афроде, ки ҳамчун эҳтиёҷманд муроҷиат мекунанд, аз сӯйи комиссияи вижаи назди раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар ин феҳраст умдатан нафарони камбизоат, бекору бемор ва оилаҳои серфарзанд сабти ном мешаванд.
Фото новостройки, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Дар Тоҷикистон суръати сохтмони манзил суст шуд
Масъулини ҳукумат дар бораи афзоиши муроҷиати сокинон барои дарёфти манзили зист таъкид мекунанд.
Комиссия ҳукуматӣ, ки дар назди мақомоти шаҳри Хуҷанд ташкил шуда буд, аз солҳои гузашта то имрӯз беш аз ҳазор дархости эҳтиёҷмандонро барои дарёфти манзили истиқоматӣ ба қайд гирифтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ду соли охир ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар умум ба 10 нафар, ки дар манозили танг ба сар мебурданд, хонаҳои истиқоматӣ тақдим намудааст.
Ба ин тартиб ҳоло бештар аз ҳазор хонаи истиқоматӣ лозим аст, то ҳамаи сокинони эҳтиёҷманд дар Хуҷанд бо манзили зист таъмин шаванд.
Школа в Деваштиче - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Пули барқ, сарфу харҷ ва замину манзил. Дар Суғд имтиёзи омӯзгоронро барқарор мекунанд
Зимнан дар шаҳри Хуҷанд арзиши хонаи якҳуҷрагӣ ба 150 - 240 ҳазор сомонӣ аст. Адами кору шароити иқтисодӣ аст, ки бахше аз сокинон имкони харидани манзили истиқоматиро надоранд.
Коршиносон масоили иҷтимоӣ мегӯянд, ин вазъ ба раванди афзоиши шумори аҳолӣ низ рабт мегирад.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло аҳолии шаҳри Хуҷанд ба 184 ҳазор нафар расидааст.
Зимнан аз ҳисоби ҳукумати вилояти Суғд сохтмони як бинои истиқоматии 9-ошёнаӣ барои ашхоси эҳтиёҷманд дар Хуҷанд чанд сол ба ин тараф идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0