Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣ

© Пресс-служба ТТУСаидзода Рахимджон Хамро, новый министр образования Таджикистана
Саидзода Рахимджон Хамро, новый министр образования Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири нави маорифи Тоҷикистон қасд дорад, мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорад ва шакли имтиҳонсупориро тағйир диҳад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода барои ба вазифаҳо таъйин намудани мутахассисони варзида, тағйири шакли имтиҳонсупорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба масъулин супориш дод.
Вазир ба ин нукот зимни натиҷагирӣ аз санҷиши кор дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таъкид кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати маориф.
Ӯ ба иҷрои дастуру супоришҳои президент дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ таъкид намудааст.
Вазир гуфтааст, ки ҳадаф аз санҷиш ва баррасии натиҷаи он ислоҳи камбудиҳо дар кутоҳтарин муҳлат мебошад.
Министерство образования и науки РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Вазорати маориф барои ишғоли 10 мақоми холӣ озмун эълон кардаст: нашри маошу талабот
Саидзода аз тарзи имтиҳонсупорӣ изҳори нигаронӣ ва таъкид кардааст, ки дар фаъолияти маркази тестии назди донишгоҳ таҷдиди назар, раванди рейтингҳо аз ҷониби омӯзгорон баҳогузорӣ ва имтиҳонҳо бо ширкати омӯзгорон ба роҳ монда шаванд.
Инчунин вазир супориш додааст, ки ба назорати ширкати донишҷӯён дар дарс, дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ аз ҷониби омӯзгорон диққат дода шавад.
Вазир ҳамчунин супориш додааст, ки ба вазифаҳои мудири кафедра ва ҷонишинони деканҳо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ таъйин карда шаванд.
Аз манъи билету китобфурӯшӣ то пулҷамъкунӣ. Дастури вазир баъди суҳбати ошкорои омӯзгорон
Зиёд намудани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, даст кашидан аз лексияҳои маъмулӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, тарбияи мутахассисон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, тайёр намудани мутахассисони варзида ва дар умум баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар муассисаҳову ҷомеа аз ҷумлаи дигар дастуру супоришҳо вазир будаанд.
Лентаи хабарҳо
0