Дидабони ҳуқуқи башар хостори манъи сафари мақомҳои толибон шуд

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини мудири бахши занони Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки кишварҳо дар вокуниш ба бастани мактабҳои духтарона, хостори манъи сафари мақомҳои толибон шудаبнд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҳайдер Бор, муовини мудири бахши занони Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар баёнияе гуфтааст, ки ахиран толибон бо тааҳҳудшиканӣ маҳдудиятҳое алайҳи занон ва духтарон эъмол кардаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар итинод ба расонаҳои афғонистонӣ.
Хонум Бор афзуд, ки акнун ба назар мерасад, толибон ба умеди ба даст овардани кумак ва эътирофашон аз тазоҳур ба бароварда сохтани хости аҳдкунандагон даст бардоштаанд.
Муовини мудири бахши занони Дидабони ҳуқуқи башар гуфт, кишварҳои донор, бахусус ИМА, Олмон, Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо ба амалкарди толибон вокуниш нишон доданд.
Люди делают селфи в парке Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Идораи омор: Нуфуси Афғонистон ба 34,3 миллион нафар расидааст
Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки манъи сафари раҳбарони аршади толибон ба хориҷро дастгирӣ намоянд ва аз баргузории мулоқотҳое, ки эътимод ба раҳбарияти гурӯҳро афзоиш медиҳанд, худдорӣ кунанд.
Ҳайдер гуфт, донорҳо бояд бо онҳое, ки аз ҳуқуқи занону духтарон дифоъ мекунанд, суҳбат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0