Ҳушдори КҲФ аз хокбод ва хатари тармафароӣ

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон хатари тармафароӣ ва сел боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлонро хокбод фаро мегирад. Дар ин бора Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Ожонси ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар навоҳии кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар маҳалҳои ҷудогонаи роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон хатари омадани сел, резиши санг зиёд аст.
Дар робита ба ин, КҲФ аз сокинон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз чорвочаронӣ дар маҳалҳои хатарзо, рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ ва шикор дар шикоргоҳҳо худдорӣ намоянд.
Последствия схода сели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Барои осебдидагони сел дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо мешавад
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, эҳтиёткор бошанд ва чораҳои бехатариро куллан риоя намоянд.
Ҳамчунин даъват мешавад, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари сел сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳои наздики хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳое, ки метавоннад сабаби вуруди обу лой ба ҳавлиҳо шаванд, тоза намоянд.
Дар ВМКБ ба оилаҳое, ки тарма манзилашонро тахриб кард, ваъдаи хона доданд
Пеш аз сафар ронандагон ба ахбори хадамоти роҳ, КҲФ ва БДА таваҷҷуҳ кунанд ва агар хатари тармаву сангрезиш бошад, муваққатан аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0