Ҷаҳиши якбораи қурби рубл ва коҳиши арзиши доллар дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар бозори нақди Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ поин рафта, арзиши рубли Русия то ба нишондоди моҳҳои қаблияш афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон то 0,1516 сомонӣ боло рафтааст, хабар дод Бонки миллии кишвар. Ин нишондод рӯзи қабл ба 0,139 сомонӣ баробар буд.
Ба иттилои БМТ, дар муассисаҳои қарзии ҷумҳурӣ рубл ба ҳисоби миёна ба ивази 0,1447 то 0,1516 сомонӣ харидуфурӯш мешаванд. Ин баландтарин нишондод тайи ҳафтаҳои охир мебошад. Аввали моҳи равон арзиши 1 ҳазор рубл дар Тоҷикистон аз ҳадди 100 сомонӣ ҳам поин рафта буд.
Ҷаҳиши қурби рубл дар ҳолест, ки бар асоси иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши доллари амрикоӣ поин рафтааст.
Ин ниҳод гуфт, дар муассисаҳои қарзии кишвар 1 доллари ИМА ба қимати 12.5 то 12.9 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Рӯзи қабл 1 доллар аз 12.9600 то 13.0000 сомонӣ арзиш дошт. Аммо барои бозори ғайринақдӣ қурби доллар ҳамоно 12,96 сомонӣ боқӣ мондааст.
Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Долларҳои дарди сари саррофони кӯчагӣ: баланд харидаву паст мефурӯшанд
Як евро дар бозори ғайринақдӣ 14,4115 сомонӣ ва зимни харидуфурӯши нақд дар муассисаҳои қарзӣ аз 14.1415 то 14.4300 сомонӣ нарх дорад.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 130 сомонӣ ва зимни фурӯш 152 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 145,5 сомонӣ ва зимни фурӯш 146 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 140 ва 146 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 125 сомонӣ мехараду ба ивази 147.5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0