Ҷамъоварии кумакҳо барои низомиён дар Осетияи Ҷанубӣ - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳри Тсхинвал марҳилаи аввали ҷамъоварии кумакҳои башардӯстона барои низомиёни Русия, ки дар амалиёти вижа дар Украина ширкат мекунанд, ба анҷом мерасад
Ин иқдоми хайрия тақрибан як ҳафта пеш эълон шуда буд, ки дар ин муддат садҳо қуттии ғизо ва либос ҷамъоварӣ шудааст.
Иттилои бештарро дар ин хусус аз видео бигиред.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0